«ШОҲНОМАХОНӢ» БО ЗАБОНИ ЧИНӢ. СУХАН АЗ ИБТИКОРИ ТОЗАИ ДОНИШКАДАИ КОНФУТСИЙ

01 май 2026, Ҷумъа
1


Дар Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни “Шоҳномахонӣ” бо забони чинӣ бомуваффақият баргузор гардид. Дар чорабинӣ 80 кас иштирок намуд, аз ҷумла Ҳан Дон Чи, котиби генералии Иттиҳодияи чинӣ дар Тоҷикистон, Ян Хуэй, директори Маркази тиббии ташхису табобати Тоҷикистону Чин, Чэн Чанпин, директори генералии шуъбаи душанбегии ширкати ҳавопаймоии China Southern Airlines, Урози Раҳмон, хатмкардаи Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ ва муовини раёсати рушди КВД «Тоҷикаэронавигатсия”, Шаҳноза Хоҷамуродова, мудири кафедраи забонҳои Шарқи Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон, Маҳина Имомзода, директори Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҷониби Тоҷикистон, Сун Ҷин, директори Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҷониби Чин ва устодону хонандагон.
«Шоҳнома» ҳамчун гавҳари классикии адабиёти бостонии форсу тоҷик, таърихи бошукӯҳи мардумони ориёиро инъикос мекунад ва муҳтавои руҳии онҳоро нишон медиҳад. Ин асар ба адабиёти имрӯзи Тоҷикистон ҳам таъсири амиқ ва бисёрҷониба гузоштааст. Нимаи аввали соли 2025 дар Тоҷикистон нашри нави «Шоҳнома» расман чоп шуда, аз моҳи августи соли 2025 бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як хонаводаи кишвар як нусхаӣ армуғон шуд. Ҳамзамон, Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» дар кишвар идома дорад.
Бо мақсади мусоидати фаъолона ба табодули фарҳангӣ ва омӯзиши мутақобилаи фарҳангҳои Тоҷикистон ва Чин, Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ низ даври аввали «Шоҳномахонӣ» ба забони чинӣ бо банақшагирии дақиқ омода ва баргузор намуд.
Ин чорабинӣ аз 27-уми март оғоз ёфта, 40 довталабро аз Донишкадаи Конфутсий ва нуқтаҳои таълимии вобастаи он ҷалб намуд. Баъд аз баргузории давраҳои интихобӣ дар Донишкада ва пойгоҳҳои таълимии он, 13 иштирокдори беҳтарин интихоб шуда, ба марҳалаи ниҳоӣ роҳхат гирифт.
Маҳина Имомзода таъкид намуд, ки Озмуни имрӯза на танҳо саҳнаи намоиши истеъдоди иштирокдорон аст, балки минбари муаррифии дастовардҳои омӯзиши забони чинӣ тавассути осори тоҷикӣ-порсӣ мебошад. Аз ҳама муҳим, “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосими Фирдавсиро бо забони чинӣ қироат намудан, худ як истеъдоди баланд ба ҳисоб меравад.
Бо эълони расмии оғози Озмун 13 довталаб бо навбат ба саҳна омада, перомуни қиссаҳои маъруф, образҳои қаҳрамонон ва муҳтавои фарҳангии «Шоҳнома» барномаву суханрониҳои ҷолиб ироа карданд. Онҳо бо забони равону меъёрии чинӣ ва мантиқи возеҳу пайгирона, мазмун ва симоҳои «Шоҳнома»-ро ба таври зиндаву таъсирбахш муаррифӣ намуданд.
Дар натиҷа Сумая Нормаҳмадова аз Гимназияи хусусии “Кафолат» сазовори ҷойи аввал гардид. Инчунин, Аҳрор Ғаффоров аз факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ ва Муҳаммадсолеҳ Синозод аз Донишкадаи Конфутсий сазовори ҷойи дуюм гардиданд. Имрон Одиназода аз Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Анора Наҷмуддинова аз Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон ва Манаси Сабзакова аз Донишкадаи Конфутсий сазовори ҷойи сеюм шуданд.
Ҳайати доварон ба иҷрои ҷолиби иштирокдорон баҳои мусбат дода, қайд карданд, ки ҳанӯз дар талаффуз, оҳанги гуфтор ва пайвастагии мантиқӣ имкони беҳшавӣ вуҷуд дорад. Доварон донишҷӯёнро ба идомаи омӯзиши пайваста ва баланд бардоштани сатҳи донистани забони чинӣ ташвиқ карданд.
“Шоҳномахонӣ” бо забони чинӣ таҷассуми зиндаи талошҳои Донишкадаи Конфутсийи ДМТ дар пешбурди табодули фарҳангӣ ва шинохту маърифати муштараки осори чиниёну тоҷикистониён аст. Ин Озмун натиҷаҳои омӯзиши забони чинии донишҷӯёнро санҷид ва асари классикии «Шоҳнома»-ро барои омӯзандагони ин забон ҳамчун василаи пайванд, ҳамгироии амиқи забони чинӣ муаррифӣ намуд.


Донишкадаи Конфутсийи назди
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Санаи нашр: 30.04.2026 №: 81-82