ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
ТАСС. Қатар омодааст дар музокирот оид ба ҳалли низои мусаллаҳона дар Украина миёнарав шавад. Дар ин бора Сарвазири Маҷористон Виктор Орбан дар як паёми видеоӣ дар саҳифаи фейсбуки худ пас аз мулоқот дар Доҳа бо амири Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад оли Сонӣ хабар додааст.
Мир 24. Остона рекорди нави тиҷоратӣ гузошт. Содироти Қазоқистон беш аз 26 миллиард долларро ташкил дод, ки беш аз сеяки нишондиҳандаи соли гузашта аст. Италия харидори калидӣ ба ҳисоб меравад, ки нисфи ҳаҷми умумии содирот ба ин кишвар рост меояд.
Маҳсулоти Қазоқистонро ҳоло бештар аз сад давлат мехарад.
ТАСС. Ҳайати вакилони Шурои федералии миллии Амороти Муттаҳидаи Араб бо сардории раиси Маҷлиси қонунгузор Сакр Қобаш бо сафари расмӣ дар Россия қарор дорад. Мақсад аз сафар таҳкими равобити парлумонӣ байни Шурои федералии миллии АМА, Думаи давлатӣ ва Шурои Федератсия мебошад.
Лента.ру. Бино ба иттилои «Коммерсант», дар Москва кормандони Хадамоти федералии амният ду прокурорро ба иттиҳоми гирифтани ришва ба маблағи 1 миллион доллар боздошт карданд.
Ба навиштаи нашрия, муттаҳамони парвандаи ҷиноятӣ кормандони собиқи раёсати кадрҳои Прокуратураи генералии Россия Максим Ковалёв ва прокурори прокуратураи байниноҳиявии Басманний Аркадий Шветсов мебошанд.
Санаи нашр: 23.05.2023 №: 108
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)