ҲОТАМИ ҲОМИД. АЗ МУБАЛЛИҒОНИ БЕМИННАТИ “ШОМИ ШАНБЕ”-И “ҶУМҲУРИЯТ”

01 май 2026, Ҷумъа
2


Соли 1996 бо даъвати муассис ва сармуҳаррири ҳафтаномаи «Чархи гардун» Акбари Саттор (руҳашон шод бод) ба кор даъват шудам. Дар баробари он ки аз рӯзгор ва фаъолияти эҷодии аҳли ҳунар менавиштам, ба тартиб додани муаммоҳо низ пардохтам. Чунки ин як навъ хобби (машғулият)-и дӯстдоштаам буд.
Сармуҳаррир низ мехост бо чопи муаммоҳо диққати хонандагонро ба ҳафтанома ҷалб намояд ва теъдоди муштариёни он афзояд.
Баъди солҳо ин иқдоми хеле хубро бо ташкили саҳифаи «Шоми шанбе» рӯзномаи дӯстдоштании «Ҷумҳурият» мукаммал гардонд. Аммо фарқ дар ин масъала хеле зиёд мебошад. Дар ин саҳифа на танҳо муаммоҳои мавзуӣ ва омехта, балки аз тамоми соҳаҳо хабарҳои ҷолибро хондан мумкин аст.
Рӯзе барои санҷиш чанд муаммо тартиб дода, ба идораи рӯзнома фиристодам. Пас аз як ё яку ним моҳ дар ин номинатсия ғолиб ва бо маблағи пулӣ сарфароз гардидам. Инак, бори сеюм аст, ки дастболо мешавам.
Ташкили чунин саҳифа амри зарурист, зеро хонанда аз он маълумоти зиёде мегирад, таркиби луғавии хешро ғанӣ мегардонад, аз бисёр воқеаву ҳодисаҳои олам хабардор мешавад ва доир ба навгониҳои илму техника маълумот пайдо мекунад. Ин саҳифа зеҳнро рушду сайқал дода, маърифати инсонро баланд мебардорад.
Ба дастандаркорони саҳифаи «Шоми шанбе» изҳори миннатдорӣ намуда, аз ҳаводорони он даъват ба амал меоварам, ки бо «Ҷумҳурият» робитаро беш аз пеш мустаҳкамтар созанд.

Санаи нашр: 01.05.2026 №: 83