БМТ. МУЛОҚОТИ ФИРӮЗ ШАРИФЗОДА БО ДИРЕКТОРИ БАРНОМАИ ШАРИКИИ МАШВАРАТӢ ОИД БА ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Фирӯз Шарифзода, муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар Форуми баландпоя оид ба идоракунии дороиҳо ва захираҳои байналмилалӣ бо директори Барномаи шарикии машваратӣ оид ба идоракунии захираҳои байналмилалӣ (RAMP)-и хазинадории Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ хонум Катаржина Зайдел-Куровска мулоқот намуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориро дар самти идоракунии захираҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор доданд ва дар он ба густариши ҳамкорӣ дар самти таҷрибаомӯзӣ, табодули дониш ва такмили иқтидори касбӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид. Гуфта шуд, ки тақвияти ҳамкорӣ дар ин самт барои татбиқи усулҳои муосири идоракунии захираҳо ва таҳкими иқтидори институтсионалӣ аҳамияти муҳим дорад.
Ҳамзамон, масъалаҳои вобаста ба тавсеаи ҳамкорӣ дар самти идоракунии берунаи дороиҳо, инчунин, андешидани тадбирҳои зарурӣ барои оғози сармоягузории мустақими Бонки миллии Тоҷикистон ба коғазҳои қиматноки давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Инчунин, ҷонибҳо омодагиашонро ба идомаи ҳамкориҳои созанда ва татбиқи муштараки ташаббусҳо дар самти идоракунии самараноки захираҳои байналмилалӣ таъкид намуданд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”
