Аз руҳияи созанда то садоқат ба давлату миллат
Аз суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳ, 30-юми марти соли 2026
Тавре мушоҳида мешавад, мардуми шарафманди шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо шукргузорӣ аз неъмати истиқлол, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ корҳои ободониву созандагиро хеле вусъат бахшидаанд.
Дар натиҷаи дастгириҳои Ҳукумати мамлакат, татбиқи пайгиронаи ислоҳоти иқтисодӣ ва заҳмати софдилонаи мардум дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ шаҳру ноҳияҳои вилоят хеле ободу зебо ва шароити зиндагии аҳолӣ бамаротиб беҳтар гардидааст. Ин аст, ки сокинони ватандӯсти вилояти Суғд, соҳибкорон ва роҳбарону фаъолон дар доираи нақшаи корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ то имрӯз беш аз 13 ҳазору 300 иншоот ва биноҳои нав сохта, ба истифода додаанд. Бо истифода аз фурсат, барои саҳми арзандаашон дар ободониву пешрафти Ватан ба мардуми сарбаланди вилоят, аз ҷумла ба соҳибкорони бонангу номус, изҳори сипос менамоям.
Бовар дорам, ки мардуми заҳматдӯсти вилояти Суғд бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, руҳияи созанда ва садоқат ба давлату миллат дар амалӣ гардондани ҳадафҳои стратегии кишвар ва ободонии диёри худ саҳми боз ҳам бештар мегузоранд.
* * *
Мо бояд минбаъд низ бо истифода аз шароиту имкониятҳои муҳайёгардида наврасону ҷавононро дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намоем. Фарзандони мо, яъне соҳибони ояндаи миллат ва давлат, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, забон, таъриху фарҳанг, расму оинҳо, дигар арзишҳои миллии тоҷикон ва рамзҳои муқаддаси давлатӣ, аз ҷумла суннату анъанаҳои ниёгонро хуб донанд, гиромӣ доранд, онҳоро ҳифз кунанд ва густариш бахшанд, зеро дар шароити бисёр ҳассосу пурҳаводиси ҷаҳони муосир масъалаи ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
* * *
Ман ба ҳисси баланди миллӣ ва ватандӯстии мардуми бонангу номуси вилояти Суғд эътимоди комил дорам. Итминон дорам, ки шумо то Ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба дастовардҳои боз ҳам бештари созандагиву ободкорӣ ноил мегардед.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!
Санаи нашр: 29.04.2026 №: 80