СУҒД Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар семоҳаи аввал

04 май 2026, Душанбе
0

Дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи ҳадафҳои соли 2026 – Соли вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ тамоми сохторҳои вилоятӣ ва мақомоти маҳаллӣ бояд фаъолияти худро боз ҳам тақвият бахшида, истиқболи шоистаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муассиру натиҷабахш роҳандозӣ намоянд.

 

17-уми апрел дар толори калони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷаласаи корӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар се моҳи аввали соли 2026 баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ҷаласаи кориро оғоз намуда, иброз дошт, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят дар моҳҳои январ-марти соли 2026 ҷиҳати дар амал татбиқ кардани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баҳри иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паём ба Маҷлиси Олӣ ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд. Дар натиҷаи иҷрои саривақтии вазифаҳои муайяншуда, густариши ислоҳоти иқтисодӣ ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ таъмини рушди бонизоми иқтисодии вилоят муяссар гардид.

Сипас, оид ба натиҷаҳои фаъолият дар се моҳи соли ҷорӣ муовини раиси вилоят Файзулло Қосимӣ гузориш дод. Таъкид шуд, ки дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 10,3 миллиард сомонӣ баробар гашта, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 118,8 фоиз таъмин шуд. Ҳиссаи соҳаи саноати вилоят дар сохтори истеҳсолоти саноатии ҷумҳурӣ 64,1 фоизро ташкил дод.

Дар давраи ҳисоботӣ 1321 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла 39 корхонаи хизматрасонӣ ва 1282 корхонаи истеҳсолӣ фаъолият намуда, 24 корхонаву коргоҳи нав бо 149 ҷойи нави кор ба ба фаъолият оғоз кард.

Кишоварзони вилоят ҷиҳати таъмини рушди соҳа тадбирҳои судманд андешиданд. Дар натиҷа, ба ҳолати 1-уми апрели соли 2026 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи 1 миллиарду 966 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 110 фоиз таъмин гардид.

Айни замон маъракаи кишти баҳорӣ босуръат идома дошта, мувофиқи маълумоти оморӣ, то 1-уми апрели соли 2026 дар майдони 41 ҳазору 830 гектар кишти баҳорӣ гузаронда шудааст.

Дар моҳҳои январ-март бо мақсади таъмини аҳолии вилоят бо маводи озуқа ва танзими нархҳои бозори истеъмолӣ 13 маротиба ярмарка гузаронда шуда, 1,5 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ва 386,1 ҳазор дона тухм бо нархи арзон пешкаши харидорон шуд.

Бо мақсади беҳтар намудани вазъи обрасонӣ ва таъмини фаъолияти мунтазами шабакаҳои обрасонӣ дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети вилоят 2 миллион сомонӣ, аз ҷумла ба ноҳияҳои Зафаробод 1 миллион сомонӣ, Мастчоҳ 500 ҳазор сомонӣ ва Ашт 500 ҳазор сомонӣ равона гардид.

Баҳри сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва истеҳсолӣ тадбирҳо андешида шуда, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба маблағи 336,8 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шудааст, ки баробари 122,6 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли қаблӣ мебошад.

Дар ин давра дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 38,5 км роҳ таъмир гардид.

Ҳаҷми умумии гардиши савдо ба 5,6 миллиард сомонӣ баробар шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 112,8 фоизро ташкил намуд. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят ба 1,3 миллиард доллари ИМА расида, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 141 фоиз таъмин гардид. Ҳаҷми воридот ба 779,2 миллион доллари ИМА баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 157,5 миллион доллар зиёд мебошад. Содироти маҳсулот аз вилоят 518,6 миллион долларро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 220,1 миллион доллар афзудааст.

Дар моҳҳои январ-марти соли 2026 ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 241,8 миллион доллари ИМА сармоягузории ватанию хориҷӣ ҷалб гардид, ки нисбат ба ҳаҷми сармоягузориҳои ҷалбшуда дар ҳамин давраи соли қаблӣ 8,1 фоиз зиёд мебошад.

Нақшаи даромади буҷети давлатӣ 103,9 фоиз таъмин шуда, ба буҷет 1 миллиарду 823 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 68,1 миллион сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 365,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ба буҷети маҳаллии вилоят 1 миллиарду 285 миллион сомонӣ ворид шуд, ки аз нақша 57,3 миллион сомонӣ зиёд аст. Нақшаи қисми хароҷоти буҷети вилоят дар се моҳи соли равон 1 миллиарду 143 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, дар доираи даромадҳои воқеии буҷет маблағгузории соҳаҳо таъмин гардид.

Муовини раиси вилоят, ҳамзамон, вобаста ба вазъи соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, кор бо занон ва оила, варзиш ва ҷавонон, сайёҳӣ маълумот дод.

Зимни баррасии ҳамаҷонибаи вазъи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва таъмини рушди босубот дастуру супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки истифодаи мақсадноки захираву имкониятҳои мавҷуда, бахусус дар бахшҳои саноат ва кишоварзӣ, ташкили ҷойҳои нави кор ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, бояд дар меҳвари таваҷҷуҳи доимӣ қарор гирад.

Ҳамзамон, ба масъулон супориш дода шуд, ки ҷараёни кишти зироатҳои баҳорӣ, аз ҷумла пахта, картошка ва ғалладонагиҳоро дар муҳлатҳои агротехникӣ ба анҷом расонда, иҷрои нақшаи андозҳо, ҷалби сармоягузорӣ, вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ва бунёди иншооти ҷашниро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд. Иҷрои босифати нақшаи даъвати баҳорӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ва пешгирии омилҳои номатлуб аз самтҳои муҳими фаъолият арзёбӣ гардид.

Зикр шуд, ки дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи ҳадафҳои Соли вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ (2026) тамоми сохторҳои вилоятӣ ва мақомоти маҳаллӣ бояд фаъолияти худро боз ҳам тақвият бахшида, барои таҳкими дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва истиқболи шоистаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муассиру натиҷабахш роҳандозӣ намоянд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд

Санаи нашр: 29.04.2026 №: 80