Таҷлили муқаддастарин Ҷашни миллӣ мондагор хоҳад буд

29 апрел 2026, Чоршанбе
5

гулистон

Таҷлили муқаддастарин 

Ҷашни миллӣ мондагор хоҳад буд

Таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳалаи муҳими ҷамъбасти дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва таҳкими сиёсати созандагию бунёдкорӣ ба ҳисоб меравад. Дар партави ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар тамоми гӯшаву канори кишвар, аз ҷумла дар шаҳри Гулистон, корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намуда, симои шаҳру деҳотро ба куллӣ дигаргун месозанд.

Дар шаҳри Гулистон нақшаи чорабиниҳо бахшида ба истиқболи шоистаи ин Ҷашни бузурги умумимиллӣ бо фарогирии 280 номгӯйи иншооти ҷашнӣ таҳия ва тасдиқ гардида, то моҳи март 255 иншоот ба истифода дода шудааст, ки 91,07 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Иншооти бунёдгардида ба соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ равона гардида, аз ҷумла сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ, биноҳои истиқоматӣ, иншооти варзишиву фарҳангӣ, марказҳои хидматрасонӣ ва роҳу пулҳо, ҷойгоҳи муҳимро ишғол менамоянд. Аз соли 2022 то имрӯз дар баробари бунёди 19 корхона ва коргоҳи саноатӣ, ки ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунанд, инчунин, 12 муассисаи тандурустӣ, 25 иншооти соҳаи маориф, 2 пул, 27 маркази савдо ва хидматрасонӣ ва даҳҳо иншооти дигар мавриди истифода қарор гирифта, 38 лоиҳаи роҳсозӣ амалӣ карда шуд. Ин ҳама, бешубҳа, ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди устувори иқтисоди маҳаллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар ин раванд саҳми соҳибкорон ва сокинони ватандӯст басо назаррас ва маҳз ҳамкории самарабахши мақомоти давлатӣ бо бахши хусусӣ имкон фароҳам овардааст, ки шумораи иншооти ҷашнӣ мунтазам афзоиш ёбад. Ин омил баёнгари он аст, ки мардум дар татбиқи ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ фаъолона иштирок доранд.

Корҳои бунёдкориву созандагӣ дар шаҳри Гулистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сӯйи рушди устувор ва ояндаи дурахшон раҳсипор мебошад.

Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 29.04.2026 №: 80