СПИТАМЕН Бунёди иншооти соҳаи маориф дар авлавият қарор дорад

29 апрел 2026, Чоршанбе
0

СПИТАМЕН

Бунёди иншооти соҳаи маориф дар авлавият қарор дорад

Бунёду навсозии иншооти соҳаи маориф дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти давлат сурат гирифта, ба беҳтар гардидани сатҳи таълиму тарбия мусоидат мекунад.

29-уми апрел раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба ноҳияи Спитамен сафари корӣ анҷом дода, дар деҳаи Янгиободи деҳоти Турсун Ӯлҷабоев бо корҳои таъмиру навсозии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 шинос гардид. Корҳои сохтмонӣ аз тарафи "ПМК-378" иҷро шуда, маблағи лоиҳа беш аз 14,5 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, дар назди Муассиса синфхонаҳои иловагӣ бунёд мешаванд. Иншоот дар доираи лоиҳаи беҳтарсозии муҳити таълим бо маблағгузории Вазорати маориф ва илм амалӣ мегардад.

Дар доираи сафари корӣ раиси вилоят, ҳамчунин собиқадори соҳаи маориф Абдуҷамил Олимов ва сокини деҳоти Истиқлол Дониёр Кенҷабоевро хабар гирифта, ба онҳо туҳфаҳои моддӣ тақдим кард.

Раҷаб Аҳмадзода дар идома бо рафти корҳои саҳроӣ ва фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ шинос шуд. Зимни боздид аз хоҷагиҳои деҳқонии «Мирзо Анвар» ва «Баландқӯрғон» ба масъулин ҷиҳати истифодаи самараноки ҳар як қитъаи замин ва ҷорӣ намудани таҷрибаҳои пешрафта дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Қобили зикр аст, ки бо саҳми соҳибкорону сокинон дар деҳоти Куруш корҳои сохтмонии муассисаи томактабӣ идома доранд. Баъди ба истифода додани он 300 кӯдак дар 10 гурӯҳ ба тарбия фаро гирифта мешавад. Илова бар ин, маркази рушди кӯдак барои 100 нафар фаъолият хоҳад кард. Ба иттилои масъулон, дар деҳот, ҳамчунин, сохтмони чойхона барои пиронсолон ва марказҳои хидматрасонӣ идома дорад. Ҳамчунин, дар ноҳия бо маблағгузории Вазорати маориф ва илм, инчунин, мақомоти маҳаллӣ сохтмони бинои нави шуъбаи маориф идома дошта, корҳои асосии он анҷом ёфтаанд. Қарор аст, ки иншоот дар арафаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор гирад.

Кароматулло АТО, “Ҷумҳурият