ШАҲРИСТОН Омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ

29 апрел 2026, Чоршанбе
0

ШАҲРИСТОН

Омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ

Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани Ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъат ёфтаанд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо ҷалби тамоми сохторҳо, соҳибкорон ва аҳолӣ тадбирҳои муҳимро амалӣ намуда, баҳри ободонӣ ва пешрафти иҷтимоию иқтисодӣ саҳми назаррас мегузоранд.

То имрӯз, мувофиқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида, 194 иншоот сохта, ба истифода дода шудааст, ки 101 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Аз ин шумора дар деҳоти Шаҳристон 130 ва деҳоти Бунҷикат 64 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар доираи корҳои анҷомёфта бунёди 5 бинои маъмурӣ, 6 муассисаи тандурустӣ, 10 иншооти соҳаи маориф, 3 иншооти варзишӣ, 10 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ, 3 маркази фарҳангию фароғатӣ, 6 иншооти сайёҳӣ ва меҳмонхона, 10 роҳу пул, инчунин, 117 маркази савдо, хидматрасонӣ ва дигар иншоот ба анҷом расидааст.

Бино ба иттилои Рауф Шарифов, мудири бахши сохтмон ва меъмории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, айни замон дар Шаҳристон сохтмони бинои нави МТМУ №18 барои 580 хонанда, бинои истиқоматии 5-ошёна дар маркази ноҳия, бинои таъминоти бехатарии озуқаворӣ, кӯдакистон барои 200 нафар тарбиятгиранда дар деҳаи Ободӣ, комплекси чорводорӣ, инчунин, биноҳои нави МТМУ №12 ва №8 дар деҳаҳои Ҳисор ва Чилҳуҷра идома доранд. Ҳамзамон, сохтмони майдони Парчам ва Нишони давлатӣ, муассисаи таълимии нав дар маҳаллаи Ҳазратобод, бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Саробӣ, ошхонаи МТМУ №20 дар деҳаи Фирдавсӣ, кӯдакистон дар маркази ноҳия ва як қатор иншооти истеҳсолӣ, хидматрасонӣ ва савдо бо суръати баланд идома дорад.

Тибқи нақшаи иловагӣ, соли 2026 бунёди 35 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки ба таҷлили сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ равона гардидааст.

Бешубҳа, корҳои анҷомёфта ва нақшаҳои дарпешистода гувоҳи онанд, ки мардуми заҳматкаши ноҳияи Шаҳристон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ барои ободии Ватан ва рушди диёри худ талош намуда, Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд.

Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”