КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ Омодагиҳои ноҳия ба Ҷашни миллӣ
Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ корҳои ободониву бунёдкорӣ бомаром идома доранд. Дар ин замина, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия 115 банд нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардидааст.
Тибқи маълумот, аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 116 иншооти гуногун пурра сохта, мавриди истифода қарор дода шудааст. Аз ҷумла, дар соҳаи маориф 16 иншооти нав бунёд ёфта, барои беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия заминаи мусоид фароҳам овард. Дар бахши тандурустӣ 12 иншоот ба истифода дода шуда, сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ беҳтар гардид.
Ҳамзамон, рушди соҳаи кишоварзӣ бо бунёди 36 иншооти соҳавӣ тақвият ёфта, дар самти роҳдорӣ 3 иншоот сохта шуд, ки ба беҳтар гаштани инфрасохтори нақлиётӣ мусоидат мекунад. Дар баробари ин, иншооти барқӣ, 4 неругоҳи барқи обии хурд ва 4 лоиҳаи таъминоти оби ошомиданӣ ба истифода дода шуд.
Инчунин, дар бахши соҳибкорӣ 11 иншоот ва 3 коргоҳи саноатӣ бунёд гардид. Дар самти ҷавонон ва варзиш 5 иншоот бунёд ёфта, 3 иншооти хизматрасонӣ ва 18 иншооти дигар низ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Бо чунин суръати рушди бунёдкорӣ, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар остонаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, барои пешрафти минбаъдаи иҷтимоию иқтисодӣ заминаи устувор мегузорад.
Ба гуфтаи раиси ноҳия Хайрулло Бобозода, корҳои бунёдкорӣ дар доираи Ҷашни таърихӣ бо суръати баланд идома дошта, ҳамкории зич бо сохторҳои дахлдор ба беҳтар шудани нишондиҳандаҳо мусоидат менамояд. Айни ҳол дар 4 иншооти иловагӣ корҳои сохтмонӣ оғоз гардидаанд.
Сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ низ дар баробари ин ташаббусҳо бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва худшиносӣ дар ободонии диёр саҳм мегузоранд. Онҳо бо такя ба дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти олии кишвар ҷиҳати таҳкими сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва расидан ба ҳадафҳои созанда фаъолиятро дар сатҳи баланд ба роҳ мондаанд.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 29.04.2026 №: 80