НОҲИЯИ АЙНӢ Деҳот намои шаҳрак мегирад
Дар ноҳияи Айнӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намудаанд.
Аз ҷумла, дар деҳаи Такфон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми ҶДММ «Ширкати металлургии Анзоб» бунёди беморхонаи минтақавӣ идома дорад. Беморхона барои 20 кат пешбинӣ гардида, аз 6 шуъба иборат мебошад, ки барои ташхису табобати босифати беморон шароити мусоид фароҳам меорад. Ҳамчунин, бинои МТМУ №9-и деҳа навсозӣ гардид. Муассиса дорои низоми мустақили гармидиҳӣ ва панелҳои офтобӣ мебошад. Дар деҳа бо иқдоми ҶДММ «Ширкати металлургии Анзоб» кӯдакистон барои 120 нафар бунёд гардид.
Дар шаҳраки Зарафшон бо саҳми ҶДММ «Фон-Яғноб» бинои МТМУ №37 қомат афрохт. Дар шаҳраки Сарвода бошад, бо саҳми ҶДММ «Нури Дар-Дар» коргоҳи истеҳсоли бетон ва коркарди регу шағал ба истифода супурда шуд, ки ба истеҳсоли масолеҳи сохтмонии босифат машғул мебошад.
Чанде қабл раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз рафти сохтмони иншооти ҷашнии ноҳия дидан карда, иқдоми соҳибкорону сокинонро намунаи ибрат ва татбиқи амалии ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ кард. Таъкид шуд, ки саҳмгузорӣ дар ободии диёр рисолати ҳар як шаҳрванд буда, корҳои неку созанда номи неки инсонро ҷовидона мегардонад.
Кароматулло АТО, “Ҷумҳурият”
