ИСТАРАВШАН Бунёди иншооти соҳаи маориф идома дорад

29 апрел 2026, Чоршанбе
3

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бинои шуъбаи бемориҳои чашми беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан мавриди истифода қарор гирифт. Шуъба соли 2012 таъсис ёфта, то имрӯз ба аҳолии шаҳр, ҳамзамон, сокинони ноҳияҳои Деваштич, Шаҳристон ва Зафаробод хизмат мерасонад.

Шуъбаи бемориҳои чашм, ки дар ошёнаи дуюми бинои таваллудхона ҷойгир аст, пас аз таъмиру навсозии пурра ва муҷаҳҳазгардонӣ бо таҷҳизоти муосири соҳавӣ имконият пайдо намуд, ки бемориҳои мушкилтарини чашмро ташхис, табобат ва ҷарроҳӣ намояд. Ҳоло дар шуъба беш аз 20 табиб, ҳамшираҳои шафқат ва дигар кормандони миёнаи тиб бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд.

Бинои тавқифгоҳи тафтишотии 9/5-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр бо тамоми шароити зарурӣ мавриди истифода қарор гирифт. Иншооти ҷашнӣ дар майдони 3 гектар бунёд гардида, сохтмони он дар муддати якуним сол ба анҷом расид. Иншоот аз панҷ бино иборат буда, бо риояи талаботи соҳавӣ қомат афрохт.

Дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди иншооти соҳаи маориф дар шаҳру ноҳияҳо идома дорад. Дар деҳоти Қалъачаи Калони шаҳри Истаравшан бо саҳми сокинону соҳибкорон сохтмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52 бомаром идома дорад, ки барои 1440 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Муассиса аз 24 синфхона иборат буда, дорои китобхона, ошхона ва толори маҷлис хоҳад буд.

Кароматулло АТО, «Ҷумҳурият»