Шаҳри Истиқлол ояндаи дурахшон дорад

29 апрел 2026, Чоршанбе
3

Шаҳри Истиқлол ояндаи дурахшон дорад

Бо мақсади истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳр нақшаи чорабиниҳои корҳои ободониву созандагӣ таҳия гардидааст. Дар доираи амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо давоми ду соли охир ба бунёди корхонаҳои саноатӣ дар шаҳр аҳамияти аввалиндараҷа дода шуд. Имрӯзҳо сохтмони се корхонаи бузурги саноатӣ бомаром идома дорад ва баъди ба истифода додани онҳо беш аз 400 сокини шаҳр бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳад шуд.

Ҳамчунин, бо дастгирии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита бо ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ имрӯзҳо дар шаҳр бо дастгирии Маркази байналмилалии илмӣ-техникӣ ба масофаи зиёда аз 17 км оби худҷорӣ оварда шуда, ҷиҳати беҳтар гардондани сатҳи хидматрасонии тиббӣ бо дастгирии барномаи ЮНИСЕФ таъмири шуъбаҳои беморхонаи марказӣ идома дорад.

Муовини раиси шаҳр Муҳаммад Ниёззода ба хабарнигори рӯзнома гуфт, ки бо мақсади беҳтар намудани шароити зисти сокинон ва идомаи иқдомҳои сабзу хуррамгардонӣ дар шаҳр аз тарафи Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ ба маблағи зиёда аз 750 ҳазор сомонӣ 16 гармхона сохта, ба аҳолӣ дода шуда, ба маҳаллаи Меҳнатобод аз масофаи зиёда аз 4 км оби полизӣ оварда шуд.

– Имрӯзҳо мо, сокинони шаҳр, барои вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва иқдомҳои нек баҳри гулгулшукуфоии шаҳри азизамон ҳиссаи хешро гузошта истодаем ва барои бо дастовардҳои назаррас пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз тамоми имкониятҳо истифода карда истодаем, – иброз дошт Муҳаммад Ниёззода.

Кароматулло АТО, “Ҷумҳурият”