ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ДАР КӮТОҲТАРИН ФУРСАТ БАРТАРАФ МЕШАВАНД
Корҳои бартарафсозии офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб бомаром идома доранд. Тибқи маълумот, дар натиҷаи боридани борон ва омадани сел, шаби 1-уми май 850 хонавода зарар дид.
Аз ҷумла, Ҳ. Абдукарим, сокини маҳаллаи Корвонгузари шаҳри Кӯлоб, дар суҳбат ба хабарнигори рӯзнома гуфт, ки сел ба ҳавлии ӯ даромада, барои бартараф ва аз лой тоза намудани ҳавлӣ масъулон сари вақт расидагӣ намуданд.
Саида Исоева, сокини дигари маҳаллаи аз офати табиӣ зарардида, гуфт, ки ба иншооти ёрирасонаш об даромадааст. Ӯ афзуд, ки намояндагони давлатӣ аз аҳволи онҳо хабар гирифтанд. Дар масъалаи бартараф намудани оқибати офати табиӣ, аз ҷумла поксозӣ аз лой ва оби нӯшоиву хизматрасонии тиббӣ ҳеҷ камбудӣ надорад.
Дар ҳамин замина, Ниёзмад Шомадов, директори Маркази ёрии таъҷилии шаҳри Кӯлоб, зимни суҳбат иттилоъ дод, ки 8 гурӯҳ барои хизматрасонии тиббӣ ба маҳаллаҳои аз офати табиӣ зарардида равона шуд. Ба гуфтаи мавсуф, 6 мошини ёрии таъҷилӣ ва 6 нуқтаи тиббии сайёр дар хидмати мардуми зарардида қарор дорад. Ба иттилои Н. Шомадов, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат доруворӣ ва маводи гигиенӣ дастрас карда шуд. 300 нафар ҳамшираи тиббӣ ҳамарӯза хона ба хона гашта, аз аҳволи сокинони маҳаллаҳои зарардида хабар мегирад. Ҷиҳати безараргардонии мавзеъҳо бошад, корбарӣ ҷараён дорад.
Дар натиҷаи офати табиӣ, дар баробари дигар соҳаҳои хоҷагии халқ ба зерсохтори энергетикӣ, аз ҷумла хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳо низ зарар расид.
Ба иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои об, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ, сохторҳои энергетикии минтақаи Кӯлоб фавран ба корҳои барқарорсозӣ сафарбар карда шуданд. Мутахассисону кормандони соҳа бо истифода аз тамоми имкониятҳои техникӣ ва захираҳои мавҷуда, шабонарӯзӣ фаъолият бурда, хатҳои зарардидаро таъмиру барқарор намуданд.
Айни замон, дар ҳамаи минтақаҳои осебдидаи шаҳри Кӯлоб корҳои бартарафсозӣ пурра ба анҷом расида, аҳолӣ ва корхонаву муассисаҳо бо неруи барқ таъмин мебошанд.
Суннати СОДИҚ, “Ҷумҳурият”
