"ОРИЁИҲО ВА ШИНОХТИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ"
"Ирфон" китоби нави Пешвои миллатро чоп кард
Нашриёти “Ирфон” ибтикори тозаеро пеш гирифт ва китоби Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо унвони “Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ” бо ду забон – тоҷикӣ ва русӣ чоп намуд. Китоб 160 саҳифа буда, ду мақолаи муаллиф бо номҳои “Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ” ва “Арзишҳои ориёӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ”-ро фаро мегирад.
Дар муаррифии китоб чунин омадааст: “Тамаддуни ориёӣ бо арзишҳои фарҳангиву ахлоқии хеш дар ташаккули тамаддуни башарӣ ва робитаи байни тамаддунҳо нақши бисёр муҳим дорад. Тадқиқоти муаллиф дар иртибот ба ин тамаддуни бузург ва воқеияти корбурди истилоҳи таърихии “ориё” дар осори куҳан, таҳриф ва суиистифодаи номи «арйа» аз ҷониби нажодгароён дар асри ХХ, чигунагии раванди ташаккули забонҳои ориёии эронӣ ва дигар масоили муҳими шинохти ин мардум мебошад, ки дар илми ҷаҳонӣ мавзуи баҳси доманадори олимони кишварҳои гуногун аст”.
Муҳаррири масъули китоб мудири котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Асадзода, роҳбари нашр директори чопхонаи “Ирфон” Абдувалӣ Абдураҳмонзода ва мусаввиру ороишгари он Тоҳир Назар мебошанд.
Муҳаррирони китоб кӯшиш кардаанд, ки китоб ба ифтихори Ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ туҳфаи арзанда бошад. Ин аст, ки он 2000 нусха чоп шуда, ба ҳама муассисаҳои илмиву таълимӣ мерасад.
ҚАЛЪАИ КӮҲИ МУҒ – ГАҲВОРАИ ЗАБОНУ ХАТТИ СУҒДӢ
Гурӯҳи эҷодии Муассисаи давлатии “Телевизиони Тоҷикистон” таҳияи филми мустанади «Қалъаи Кӯҳи Муғ»-ро оғоз кардаанд. Филм дар доираи силсилаи “Ганҷи таърих” таҳия гардида, таҳти роҳбарии коргардон Шавкат Муҳаммадиев рӯйи навор меояд.
Қалъаи Кӯҳи Муғ, ки дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ, дар соҳили чапи дарёи Зарафшон ҷойгир аст, яке аз ёдгориҳои муҳими таърихии асрҳои VII–VIII ба шумор рафта, ҳамчун паноҳгоҳи охирин ҳокими Суғд — шоҳ Деваштич маъруф мебошад.
Ёдовар мешавем, ки соли 1932 сокини маҳаллӣ Ҷӯраалӣ Муҳаммадалӣ дастхатҳои нодиреро дар ин мавзеъ пайдо намуд, ки дар сабад буданд. Пажӯҳишу ковишҳои минбаъда сабаб шуданд, ки 70 дастхати суғдӣ ва дигар бозёфтҳои арзишманди таърихӣ кашф гарданд. Айни ҳол бештари дастхатҳои нодири суғдӣ дар осорхонаҳои бонуфузи ҷаҳон нигоҳдорӣ мешаванд.
Бояд гуфт, ки соли гузашта маҷмуаи дастхатҳои Қалъаи Кӯҳи Муғ ба Феҳристи “Хотираи ҷаҳон”-и ЮНЕСКО ворид гардид ва аҳамияти ҷаҳонии он бори дигар сидқ ёфт. Ҳамчунин, худи ёдгорӣ дар доираи номинатсияи “Роҳи Абрешим: долони Зарафшон - Қароқум” ба Феҳристи мероси башарии ЮНЕСКО шомил мебошад.
Чанде пеш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Қобилҷон Хушвахтзода ва раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз рафти наворбардории филми мустанад ва корҳои таҳқиқотӣ шинос шуданд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
“Ҷумҳурият”
