ВАНҶ Сохтмони беш аз 100 иншоот ба ифтихори Ҷашни миллӣ
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар семоҳаи аввали соли 2026 ба иҷрои саривақтии супориш ва вазифаҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми декабри соли 2025 гузоштаанд, диққати зарурӣ дода, баҳри амалӣ намудани супоришҳо як қатор корҳоро ба анҷом расонд.
Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар ин давра ба 16 миллиону 441 ҳазору 300 сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 585 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Иҷрои сифатноки буҷети ноҳия дар маркази диққати Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дошта, барои пайдо намудани сарчашмаҳои иловагӣ ва таъмини сиёсати молияи давлатӣ як қатор корҳои назаррас роҳандозӣ шуданд, – иброз дошт Наҷмиддин Давлатзода, раиси ноҳияи Ванҷ.
Қисми хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия дар семоҳаи аввали соли равон ба маблағи 19 миллиону 318 ҳазору 135 сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои он бошад, ба 17 миллиону 320 ҳазору 139 сомонӣ ё ба андозаи 89,7 дарсад расид.
Нақшаи буҷети маҳаллӣ 108,8 дарсад иҷро гардида, ба ҷойи 3 миллиону 432 ҳазору 195 сомонӣ ба буҷет 3 миллиону 733 ҳазору 553 сомонӣ ворид гардид.
Ба ҳолати 1-уми апрели соли 2026 дар ҳудуди ноҳия 95,3 фоизи шумораи умумии субъектҳои ҳисоботдиҳандаи шахсони ҳуқуқӣ ва 100 дарсади соҳибкорони инфиродӣ ҳисоботи худро ба таври электронӣ пешниҳод намуданд ва теъдоди постерминалҳову QR-рамзҳо дар ин давра ба 66 адад расид, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли рафта 11-то зиёд аст.
Дар маҷмуъ, дар ин давра бонкҳои ноҳия ба 657 шаҳрванд 3 миллиону 584 ҳазору 850 сомонӣ қарз додаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 4 миллиону 309 ҳазору 200 сомонӣ кам аст.
Дар ноҳия 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 80 миллиону 216 ҳазору 700 доллари ИМА амалӣ мешавад. Маблағи азхудшуда 67 миллиону 134 ҳазор долларро ташкил медиҳад.
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ванҷ барои солҳои 2026 – 2030-юм 185 лоиҳаро ба маблағи 264 миллиону 840 ҳазор сомонӣ ташкил дода, ба ҳолати 1-уми апрели соли равон дар 69 лоиҳа ба маблағи 59 миллиону 583 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 12 миллиону 771 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 578 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар семоҳаи аввал дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 1458 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронда шуд, ки он ба кишти давраи соли гузашта баробар мебошад. То 1-уми апрели соли равон дар майдони 34 гектар кишти баҳорӣ гузаронда шуд.
Дар ин давра саршумори чорвои калон ба 21775 сар, аз ҷумла модагов 7176, гӯсфанду буз 43109, паранда 47650, асп ба 6 сар ва занбӯри асал ба 1780 оила расид.
Аз 22 корхонаи саноатии ноҳия дар давраи ҳисоботӣ 8 корхонаю коргоҳ бинобар мавсимӣ будан, фаъолият накарданд.
Дар ҳудуди ноҳия сохтмони 119 иншоот идома дорад.
Бо мақсади расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ-баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ дар ноҳияи Ванҷ то имрӯз корҳои назаррас иҷро мегарданд. Ҳоло дар ҳудуди ноҳия дар самти азнавсозии қитъаи Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшони шоҳроҳи мошингарди Душанбе – Кулма бо сохтмони 2 нақб ба маблағи қариб як миллиард сомонӣ корҳои сохтмонӣ идома доранд. Илова бар ин, дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон азнавсозии роҳи мошингарди Ҷамоати деҳоти Язгулом, ки аз Дашти Язгулом то деҳаи Зайчро дар бар мегирад, идома дорад ва то имрӯз 90 дарсади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидаанд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳо дар ноҳияи Ванҷ бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таъмиру бунёди 122 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 96 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
