Ташкилотҳои қарзии молиявии Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ гардиданд

04 май 2026, Душанбе
10

Дар натиҷаи муколама ва ҳамкориҳои мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони аврупоӣ заминаи мусоид барои таҷдиди назар намудани маҳдудиятҳои қаблан ҷоригардида фароҳам омад.

Комиссияи Аврупо дар доираи қарори худ аз 23-юми апрели соли 2026, ки ба бастаи 20-уми таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо марбут аст, се ташкилоти қарзии молиявии кишвар – ҶСП «Спитамен Бонк», ҶСП «Душанбе Сити Бонк» ва ҶСК «Коммерсбонки Тоҷикистон»-ро, ки қаблан дар бастаи 19-уми маҳдудиятҳо қарор доштанд, аз рӯйхати таҳримҳо хориҷ намуд.

Ин тасмим натиҷаи мустақими густариши ҳамкориҳои мақоми танзимгар ва вазорату идораҳои дахлдори кишвар бо Комиссияи Аврупо, татбиқи пайгиронаи стандартҳои байналмилалии комплаенс ва таҳкими низоми мубориза бо қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада арзёбӣ мегардад.

Иқдоми мазкур ба рушди минбаъдаи низоми бонкӣ, афзоиши эътимоди сармоягузорон ва тавсеаи хизматрасониҳои молиявӣ дар кишвар такони мусбат мебахшад.

Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ ба татбиқи ислоҳот, баланд бардоштани шаффофият, тақвияти низоми назорати дохилӣ ва таъмини мутобиқати фаъолияти низоми бонкӣ ба стандартҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”