ИСТАРАВШАН НАМОИ НАВИ БЕМОРХОНАИ МАРКАЗӢ
ИСТАРАВШАН
НАМОИ НАВИ БЕМОРХОНАИ МАРКАЗӢ
шаммае аз талошҳои табибе, ки маромаш татбиқи сиёсати Пешвои миллат аст
Одамони оқил, одатан, кам хато мекунанд, ҳафт бор чен кардану як бор буридан, асли кори онҳо мебошад. Тарҳи тозаи корҳои судманду манфиатбахшро мекашанд ва иродаи амалигардонии ғояҳои мураккабро дар хеш доранд. Ин ҳама гуфтаҳо маҳз барои касонест, ки соати умри азизашонро дар адои масъулияти базиммадошта ғанимат медонанд. Аз ҷумла, сартабиби беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан Далерҷон Аббосзода, аз зумраи чунин шахсони фардоандеш мебошад.
Бо ин далел, ки маҳз бо ташаббуси Далерҷон Аббосзода дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша шуъбаи якҷояи модару кӯдаки таваллудхонаи шаҳри Истаравшан ба маблағи 1 миллион сомонӣ таъмиру азнавсозӣ шудааст. Аз ҷумла, ошёнбари (лифт) шуъбаи таваллудхона, ки солҳои тулонӣ корношоям буд, ба маблағи 130 ҳазор сомонӣ аз таъмири куллӣ бароварда шуда, ду сол боз мавриди истифода аст. Системаи гармидиҳии мутамаркази шуъбаи таваллудхона ҳам аз ҳисоби 1 миллиону 300 ҳазор сомонии буҷети маҳаллӣ фаъол гардид.
Соҳибкорони маҳаллӣ бо даъвати сартабиб Аббосзода пайи таъмири шуъбаи наҷот шуданд ва он ба маблағи 60 ҳазор сомонӣ азнавсозӣ карда шуд. Ҳамзамон, байни бинои шуъбаҳои беморхона ва таваққуфгоҳ барои нақлиёт ба масоҳати 3000 м2 мумфарш ва саҳни ҳавливу роҳравҳои он ба масоҳати 1000 м2 сафолакпӯш гардидаанд.
Мо, ҳамчун сокинони шаҳри Истаравшан барои ранҷҳои табиби ҷавон, дилшиносу хештаншинос, вакили вилоятиву шаҳрӣ Далерҷон Аббосзода, соҳибкорону саховатпешагони дурандеш неруи дучанд, хастагинопазирӣ ва тандурустиву иродаи қавӣ хостем. Дуо кардем, ки сафи чунин ҷавонмардон афзояд.
Сартабиби беморхона дар муддати панҷ соли роҳбарӣ ба эҳтироми сокинони шаҳр сазовор шуд. Ӯ бо истифода аз имкониятҳои воқеие, ки дорад, оянда ҳам пайи ободии бино шуданист. Аз суҳбаташ дарк кардан мумкин аст, ки барои анҷоми кори хайр, пеш аз ҳама, дилу нийяти пок ва азму ирода даркор аст.
Шодиву нишоти табибону кормандон ва фаррошони беморхонаи марказиро ҳадду канор набуд, онҳо бо шукргузорӣ аз саодати доштаи хеш дар бинои тозаву озода ва азнавсозишуда пайи иҷрои кори хеш буданд.
Раънои ЗОИРДУХТ,
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон,
шаҳри Истаравшан
Санаи нашр: 4.05.2026 №: 84