Ҳифзи ҳувият тақвияти худшиносии миллист
Ҳифзи ҳувият тақвияти худшиносии миллист
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом мулоқоту суҳбатҳо бо сокинон дар мавзуи «Худогоҳиву худшиносии миллӣ – василаи мубориза бо таассуб ва хурофот» баргузор гардид.
Дар чорабиниҳо ҳайати Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Рудобаи Мукаррам, ҳамчунин, муовини раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода иштирок намуда, перомуни аҳамияти худшиносии миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ибрози назар карданд.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки дар шароити имрӯзи босуръат рушдёбандаи ҷаҳонишавӣ ҳифзи ҳувияти миллӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам зикр кард, ки дар даврони соҳибистиқлолии давлатӣ бо талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои устувори эҳёи арзишҳои миллӣ ва рушди шуури миллӣ фароҳам оварда шудаанд.
Зуфар Исмоилзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки яке аз роҳҳои муассири таҳкими худшиносии миллӣ омӯзиши осори бузургони миллат мебошад, зеро осори адибону мутафаккирон саршор аз ғояҳои баланди инсонгароӣ, ахлоқи ҳамида ва маърифат буда, метавонанд дар тарбияи насли худогоҳу ватандӯст саҳми назаррас гузоранд.
Мулоқоту суҳбатҳо дар фазои озоду самимӣ баргузор шуда, сокинон доир ба масъалаҳои матраҳгардида андешаронӣ намуданд.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
