“АДИБ” КИТОБИ ҲАБИБ ЮСУФИРО ИМСОЛ ЧОП МЕКУНАД”
Ба “Ҷумҳурият” ҷавоб омад
Муассисаи нашриявии “Адиб” бо эҳтиром маълум менамояд, ки мақолаи омӯзгори собиқадор аз ноҳияи Варзоб Хайрулло Раҳимовро, ки дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” (21. 10. 2025) ба табъ расидааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар ҳақиқат, муаллиф ба ин масъала хеле воқеъбинона муносибат карда, аз ҷасорату ватандӯстӣ ва ҷӯяндагию навгониҳои эҷодии шоири зиндаёд Ҳабиб Юсуфӣ ёдовар шуда, бо дареғ қайд кардааст: “Ҷойи таассуф, ки Ҳабиб Юсуфӣ чун шоири ҷӯянда ва номовар дар осмони назми тоҷик мисли ситора чанде бидурахшиду ба касофати ҷанги хонумонсӯзи зидди фашистӣ дар айни камолоти эҷодӣ дар таърихи 4-уми феврали соли 1945 хомӯш гардид”.
Муаллиф дуруст қайд карда, ки китобҳои Ҳабиб Юсуфӣ “Роҳи нотамом” ва “Маҷмуаи ашъор”-аш (дар ду ҷилд) баъди солҳои 1970-1975 то имрӯз бознашр нашудаанд.
Зиндагию роҳи тайнамудаи ин шоири ватандӯсту рангинхаёл дар тарбияи меҳанпарастӣ, ҷавонмардӣ, ҷасорату ҳимояи Ватан, завқу маҳорати шеъру сухан ба насли ояндасози мо хеле муҳим аст. Аз ин рӯ, дар “Адиб” ҳангоми таҳияи маҷмуаҳои муштарак пайваста аз эҷодиёти шоир намунаҳо ҷой мегиранд. Аз ҷумла, дар ҷилди 46-уми “Ахтарони адиб” (2021) намунаи ашъори Ҳабиб Юсуфӣ ба табъ расидааст.
Муассисаи нашриявии “Адиб” дар соли равон чопи китоби Ҳабиб Юсуфиро ба нақшаи корӣ ворид намуда, барои сари вақт пешкаши хонандагон гардондани он ҳамаи тадбирҳоро меандешад.
Раҳмоналӣ МИРАЛИЗОДА,
директори Муассисаи нашриявии “Адиб”
Санаи нашр: 4.05.2026 №: 84