ИСМОИЛ ВА АБДУКАРИМ РАҲМОНОВҲО
Ёди ду бародаре, ки ба роҳи бебозгашти ватандорӣ рафтанд
Корнамоиҳои собиқадорони ҷангу меҳнат, фидоиёни роҳи озодӣ шоистаи таҳсинанд ва фаромӯш нахоҳанд шуд. Аз ҷумла, қаҳрамониҳои азизони мо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ пайваста дар ёдҳост.
Ду амаки гиромии мо – Исмоил ва Абдукарим Раҳмоновҳо ҳам аз шумори он ватандорон буданд, ки ба ҷанг рафтаву дигар барнагаштанд. Аз онҳо танҳо ёд монду фарёд. Падари арҷманди мо ҳамеша аз мо хоҳиш мекард, ки чароғи хотироти онҳоро фурӯзон дорем.
Исмоил Раҳмонов сардухтури яке аз табобатхонаҳои шаҳри Душанбе буд ва рутбаи низомии афсарӣ дошт, Абдукарим Раҳмонов бошад, дар мактаби шаҳрҳои Ваҳдат, Кӯлоб, Норак ва дар мактаби ноҳияҳои Данғара, Фархор солҳо омӯзгор буд. Ӯ ҳамчун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ фаъолият дошт. Бо вуҷуди он ки ҳар ду ҳам имтиёз доштанд ба ҷанг нараванд, бахусус амаки омӯзгорам, аммо боз ҳам бо нангу номуси меҳандӯстӣ ба майдони мубориза алайҳи фашизм рафта, дигар барнагаштанд. Онҳо ба таври ихтиёрӣ ин ҷодаро интихоб карданд. Инак, 85 сол боз касе намедонад, ки ин ду ҷигарпайванди мо дар куҷо ва кай шаҳид шудаанд, оё ҷое хок гардидаанд ва қабрашон дар куҷост?!
Додари хурдии онҳо Аслам Абдураҳмонов сармуҳандиси НБО “Норак” буда, дар чандин вазифаву масъулиятҳо бо сарбаландӣ кор кард.
Бояд гуфт, ки дар Ҷамоати деҳоти ба номи Бозорбой Бурунов лавҳаи ёдгорӣ гузоштаанд, ки, хушбахтона, ному насаби бародарон Исмоил ва Абдукарим Раҳмоновҳо он ҷо сабт аст. Руҳашон шод бод, илоҳо!
Ба насли ҷавон, бахусус ба фарзандону наберагони хеш, гуфтанӣ ҳастем, ки ин оромиву ободиро қадр намоянд ва қаҳрамониҳои гузаштагони хешро фаромӯш насозанд.
Ҳасан АБДУРАҲМОНОВ,
Аълочии фарҳанг, маориф, радио ва телевизиони Тоҷикистон
Санаи нашр: 4.05.2026 №: 84