КӮЛОБ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР АМАЛ

05 май 2026, Сешанбе
21

Тавре қаблан хабар дода будем, дар шаҳри Кӯлоб дар пайи рух додани офати табиӣ, ки боиси обхезӣ ва омадани сел гардид, як қатор манзилҳои истиқоматӣ ва зерсохтори ёрирасон зарар диданд.

Бо мақсади дастгирии саривақтии аҳолии осебдида ва беҳтар намудани шароити зиндагии онҳо, дар доираи сиёсати иҷтимоӣ ва инсонпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои фаврӣ роҳандозӣ гардида, бо таъсиси комиссияҳо ва ситодҳои махсус корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ идома доранд.
Ҳамзамон, дар доираи тадбирҳои андешидашуда ба оилаҳои зарардида кумакҳои моддӣ ва маводи ниёзи аввал дастрас карда шуданд. То имрӯз ба аҳолии осебдида 230 тонна орд, 10 тонна шакар, 10 тонна макарон, 6,5 тонна биринҷ ва 6500 литр равғани рустанӣ тақсим гардид.


Барои фароҳам овардани шароити муваққатии зист 3 ошхонаи саҳроӣ, даҳҳо кат ва лавозимоти хоб, 350 хайма, 900 қолин, инчунин беш аз ҳазор маҷмуи либос ва пойафзоли кӯдакона, илова бар ин, ҷиҳати барқарорсозии зерсохтор ва беҳтар намудани шароити зиндагии сокинон дастгоҳҳои таъминкунандаи об, садҳо метри мукааб тахта ва 60 тонна сӯзишвории дизелӣ дастрас гардид. Ҳамчунин, ба оилаҳои зарардида асбобу анҷоми рӯзгор ва барои барқарор намудани манзилҳои истиқоматӣ масолеҳи сохтмонӣ дода шуд.


Таъкид шуд, ки чунин ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат нисбат ба аҳолӣ, махсусан дар рӯзҳои душвор, бозгӯи татбиқи самараноки сиёсати иҷтимоии давлат мебошад. Сокинони аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб ин дастгириҳоро бо хушнудӣ истиқбол намуданд.
Гурӯҳи хабарнигорони “Ҷумҳурият”, ки чанд рӯзи охир миёни мардум дар шаҳри Кӯлоб қарор доранд, хабар доданд, ки дар бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ сохторҳои дахлдор бо ҳамоҳангии комил фаъолият намуда, тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодаанд. Ин ҳамбастагӣ ва дастгирии ҳамдигар нишонаи равшани ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулиятшиносӣ дар ҷомеа мебошад.
Дар ҳамин ҳол нашрияи “Паёми Душанбе” хабар дод, ки дар пайравӣ ба иқдомҳои инсондӯстона ва хайрхоҳонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ғолиби озмуни "Miss Dushanbe - 2026" дар номинатсияи "Маҳбуби дилҳо" Сумая Раҷабзода аз ҳисоби маблағи ҷоизаи худ, ки 100 000 сомониро ташкил медод, маводи озуқа, сарулибос ва дигар ҷиҳози зарурии рӯзгор харидорӣ карда, ба зарардидагони офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб расонд.
Дар иҷрои ин амри хайр, ҳамзамон, аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ бо муҳайё кардани хӯроки гарм ба сокинону дастаҳои мададрасон ва поккории кӯчаҳо, кормандони милитсия, сарбозону афсарони қисми ҳарбии "Н"-и Вазорати корҳои дохилӣ, ҳайати шахсии Дастаи таъиноти махсуси милитсия ва омӯзгорону муҳассилини Коллеҷи милитсияи шаҳри Кӯлоб бо ёриҳои ҳамсон саҳмгузор ҳастанд.
Ҳамчунин, дар пайи боришоти охир, 2-3-юми май дар шаҳрҳои Панҷакент, Ҳисор, ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвон низ сел фаромада, асосан ба заминҳои кишт зарар расонд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 100 метри соҳилҳои наҳри “Баҳористон” рахна шуда, роҳи автомобилгарди маҳаллӣ дар масофаи 50 метр фурӯ рафт. Ҳафт хонаи истиқоматии сокинон зери хавф қарор дошта, 48 нафар ба ҷойҳои бехатар кӯчонда шуд. Дар деҳаи 8-уми марти Ҷамоати деҳоти Ҳаёти Нави ноҳияи Ёвон низ фурӯравии замин ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷа, таҳхонаи як хонаи истиқоматӣ пурра фурӯ рафта, анбори нигоҳдории ангишт дар МТМУ №59 зарар дид. Ҳамзамон, нуҳ хонаи истиқоматӣ ва як бунгоҳи тиббӣ зери хатари фурӯравӣ қарор доранд.
Дар ноҳияи Панҷ сел як гектар замини ҷав, 0,3 гектар мазрааи картошка ва 70 гектар пахтазорро хароб кард.
Дар маҳали ҳодисаҳо воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва наҷотдиҳандагон фаъолият доранд.


Кароматулло АТО,
Зокири ҲАСАН,
"Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 05.05.2026 №: 85-86