ТОҶИКИСТОН. НАҚШИ КИШВАРИ СУЛҲОФАР ДАР ДУРНАМОИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Намояндагии минтақавии Бунёди Конрад Аденауэр дар Осиёи Марказӣ 30-юми апрели соли равон дар шаҳри Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Низоми амниятии Осиёи Марказӣ: нигарониҳо, таҳдидҳои муосир ва зарфиятҳои стратегӣ» баргузор гардид, ки дар кори он намояндагон ва коршиносон аз институтҳои таҳқиқотии ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, ташкилоту фондҳои байналмилалӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанию хориҷӣ иштирок намуданд.
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода зимни ифтитоҳи ҳамоиш таъкид намуд, ки иштироки намояндагони муассисаҳои тадқиқоти стратегии назди президентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҷомеаи коршиносон, ташкилоту фондҳои байналмилалӣ ва, инчунин намояндагиҳои дипломатии кишварҳои гуногун, дар ин чорабинии сатҳи баланд нишонаи равшани таваҷҷуҳи рӯзафзун ба масъалаҳои амнияти минтақа мебошад.
Номбурда зикр намуд, ки Осиёи Марказӣ дар тули даҳсолаҳои охир ҳамчун минтақаи дорои аҳамияти стратегии баланд боқӣ мемонад, ки дар он манфиатҳои марказҳои асосии қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ба ҳам меоянд. Дар заминаи тағйирёбии низоми сиёсии ҷаҳонӣ ва афзоиши рақобатҳои геополитикӣ кишварҳои минтақа нисбат ба таҳкими меъмории амнияти минтақавӣ муносибати ҳамоҳангшуда, пухта ва прагматикӣ нишон медиҳанд.
– Яке аз дастовардҳои муҳим дар ин самт ба имзо расидани Созишнома дар бораи нуқтаи пайвасти сарҳадҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар водии Фарғона, инчунин, қабули Эъломияи Хуҷанд оид ба “Дӯстии абадӣ” мебошад. Иқдомҳои мазкур саҳми назаррас дар таҳкими эътимод, коҳиши эҳтимоли низоъҳо ва фароҳам овардани муҳити устувори ҳамсоягии нек гузоштанд. Мо итминон дорем, ки муколамаи пурмуҳтаво ва ошкори коршиносон дар ин ҳамоиш на танҳо ба равшан шудани масъалаҳои калидӣ мусоидат мекунад, балки имкон медиҳад тавсияҳои амалие таҳия шаванд, ки ба таҳкими сулҳи устувор ва амният нигаронда шудаанд,-иброз намуд Хайриддин Усмонзода.
Намояндаи минтақавии Бунёди Конрад Аденауэр оид ба Осиёи Марказӣ Андре Алгермиссен иброз намуд, ки глобализатсия кишварҳоро аз ҷиҳати иқтисодӣ, технологӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ ба ҳам мепайвандад, аммо дар баробари ин, як қатор мушкилоти фаромиллӣ, аз ҷумла муҳоҷирати ғайриқонунӣ, савдои одамон, гардиши ғайриқонунии силоҳ, қочоқи маводи мухаддир, терроризми байналмилалӣ, мушкилоти иқтисодӣ ва экологиро ба вуҷуд меорад.
– Ягон давлат, ҳатто қудратмандтарини онҳо, наметавонад бо ин мушкилоти амниятӣ танҳо мубориза барад. Аз ин рӯ, ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ аҳамияти ҳалкунанда пайдо мекунад. Мо дар назди наслҳои оянда вазифадорем, ки дар ҳамаи майдонҳо, ки сиёсатмадорон ва коршиносони кишварҳои гуногунро муттаҳид мекунанд, муколамаи ошкоро ва созандаро пеш барем. Ҳадаф аз баргузории форуми имрӯза на танҳо фароҳам овардани майдон барои табодули афкор ва таҷриба, балки таҳкими ҳамкориҳо байни ҷонибҳои асосӣ мебошад, – изҳор дошт Андре Алгермиссен.
Дар поён аз рӯйи натиҷаҳои форум самтҳои афзалиятноки ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи таъмини амният муайян гардида, барои ҳалли мушкилоти мавҷудаи минтақавӣ пешниҳодҳои мушаххас таҳия шуданд.
Сайфиддин СУННАТӢ,“Ҷумҳурият”
