Муҳокимаи ҳуҷҷат ва имзои электронӣ дар Парлумон
6-уми май таҳти раёсати Файзалӣ Идизода, Раиси Маҷлиси намояндагон, ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум, баргузор гардид.
Вакилон лоиҳаи қонунҳо «Дар бораи таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ», Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳавасмандкунӣ ва кафолати сармоягузорӣ аз 25-уми августи соли 2011-ро баррасӣ карда, қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
ДАЪВАТ – 2026
Иҷрои 93,5 дарсади нақша дар як моҳ
Аз даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон як моҳ сипарӣ гардид. Дар ин муддат нақшаи даъвати ҷавонони солҳои таваллуди 1999 – 2008 ба сафи Артиши миллӣ дар ҷумҳурӣ 93,5 фоизро ташкил дод.
Ба иттилои Вазорати мудофиа, дар рӯзҳои аввал Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон ва минтақаи Рашт нақшаи пешбинигардидаро иҷро намуданд.
Айни замон иҷрои нақша дар вилояти Суғд 87,4 фоиз ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад, 85,7 фоизро ташкил медиҳад.
Варзишгарони маъруфи кишвар дар меҳмонии НБО «Роғун»
Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш як зумра варзишгарони маъруфи кишвар бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд.
Дар ҷараёни ин сафар паҳлавони маъруф, ҷоизадори Бозиҳои олимпии Пекин – 2008 Расул Боқиев барои бунёди НБО “Роғун” 300 000 ₽ (рубли Россия) гузаронд.
