БМТ. МУЛОҚОТИ ФИРДАВС ТОЛИБЗОДА БО ҲАЙАТИ ШАРИКОН АЗ КОНФЕДЕРАТСИЯИ ШВЕЙТСАРИЯ
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо ҳайати намояндагони Котиботи давлатии Швейтсария оид ба масъалаҳои иқтисодӣ (SECO), Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ ва Дафтари ҳамкориҳои Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд.
Дар оғози мулоқот ҷонибҳо сатҳи баланди ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсарияро, аз ҷумла дар доираи электорати Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ ёдовар шуданд. Таъкид гардид, ки ҳамкориҳои мазкур барои пешбурди ислоҳот ва рушди муколамаи созанда байни кишварҳо мусоидат менамояд.
Ҳамзамон, роҳбари ҳайати SECO Пиетро Лаззери нишондиҳандаҳои мусбати бахши бонкии Тоҷикистонро баланд арзёбӣ намуда, Бонки миллии Тоҷикистонро бо натиҷаҳои назаррас, аз ҷумла хориҷ гардидани ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз рӯйхати таҳримҳо дар муҳлати кӯтоҳ, табрик намуд.
Дар навбати худ, раиси Бонки миллии Тоҷикистон зикр намуд, ки ислоҳоти пайгирона дар бахши молиявӣ, аз ҷумла дар самти такмили низоми танзим ва назорат, рушди хизматрасониҳои рақамӣ ва баланд бардоштани дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ ба таҳкими устувории низоми бонкӣ мусоидат менамояд ва дар ин самт дар татбиқи лоиҳаҳо SECO саҳми назаррас мегузорад.
Ҷонибҳо, инчунин, масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла такмили низоми назорати бонкӣ, рушди инфрасохтори пардохтӣ, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявиро, мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар идомаи мулоқот имкониятҳои густариши ҳамкориҳоро дар самтҳои нав баррасӣ намуданд. Аз ҷумла, пешниҳод гардид, ки ҳамкорӣ дар самти рушди механизмҳои ҳамкории фаромарзӣ байни бонкҳои марказӣ ва истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар бахши молиявӣ тақвият дода шавад.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идома ва рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»
