“ФРОНТИ СЕЮМ” Ё ДУШМАНИ РАҚАМИ ЯКИ ГИТЛЕР КӢ БУД?
Дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дастгоҳи таблиғотии шуравиро "Фронти сеюм" меномиданд, зеро солҳои 1941-1945 усули таблиғотӣ консепсияи навро ташкил кард, ки ҳадафи он муттаҳид кардани мардум бар зидди душмани умумӣ буд. Ҷанг бо Германияи фашистӣ на ҳамчун зиддияти синфӣ, балки ҳамчун ҷанги умумихалқӣ, ватанӣ маънидод шуд.
Дар солҳои ҷанг овози нотиқи маъруф Юрий Левитан дар Иттиҳоди Шуравӣ қариб ба ҳама шинос буд. Садои марғуладори ӯ, ки бо ибораи «От Советского информбюро» ("Аз Бюрои иттилоотии шуравӣ") оғоз мешуд, хурду бузургро дар атрофи радио ҷамъ мекард. Овози ӯро роҳбарони Рейхи сеюм (Германияи фашистӣ) хуш надоштанд, вале тамоми сокинони ИҶШС интизор мешуданд. Юрий Левитан дар майдони набард ҷанг накардааст ва сирри ҳарбиро ҳам намедонист, аммо маҳз хадамоти махсуси Иттиҳоди Шуравӣ ӯро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ медоштанд ва фашистон дар ҳама ҷо ҷустуҷӯяш мекарданд.
Гитлер Юрий Левитанро "Душмани шахсии рақами 1" эълон кард ва борҳо изҳор дошт, ки ин шахс "ҷавоби як дивизияро медиҳад". Фашистон танҳо барои маълумот дар бораи макони будубоши ӯ 300 миллион рубл мукофот ваъда дода буданд, вале намехостанд, ки ин ситораи радиоро бикушанд. Бино ба гуфтаи Елена Кузменко, номзади илмҳои таърих, ҳадафашон асир гирифтани Левитан буд, то маҳз ӯ пирӯзии рейхро бар Иттиҳоди Шуравӣ эълон карда, ба сокинонаш зарари бештари равонӣ расонад.
Аммо истихбороти шуравӣ ба ин иҷозат надод. Левитанро низ мисли Сталин муҳофизат мекарданд. Овози ӯ руҳияи ҷангиро дар ҷабҳа ва ақибгоҳ нигоҳ медошт.
– Барои гӯш кардани радио, одамон дар толори клубҳо ва кӯчаҳо ҷамъ меомаданд. Тавассути овози Левитан ҳамбастагӣ эҳсос мекарданд, дар он замони навмедӣ ба фарорасии рӯзҳои беҳтар умед мебастанд. Ровии радио аз ҷабҳа маълумот, фармонҳои асосӣ ва хабарҳои Ҳукуматро мехонд, – мегӯяд Елена Кузменко.
Баҳори соли 1943 дар Куйбишев (Самараи ҳозира) радиостансияи нав сохта шуд. Левитан бо дигар коргарон пинҳонӣ ба он ҷо кӯчид. Ровии машҳур танҳо дар охири ҷанг ба Маскав баргашт, то хабари хуши ғалабаро эълон кунад.
Вақте аз Сталин пурсиданд, ки ҷанг кай ба охир мерасад, бо табассум ҷавоб дод: "Вақте Левитан эълон кард, ҷанг хотима меёбад". Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Юрий Левитан нахуст дар бораи ишғоли Берлин аз ҷониби неруҳои шуравӣ хабар дод ва пас аз чанд рӯз, 9-уми майи соли 1945 хушхабар расонд: “Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки халқи шуравӣ бар зидди таҷовузгарони фашистии олмонӣ пеш мебурд, бо пирӯзӣ ба анҷом расид!».
Сайфиддин СУННАТӢ, “Ҷумҳурият”
