ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАРОСИМИ ГУЛЧАНБАРГУЗОРӢ
![]()
9-уми май Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ ба муносибати Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 – 1945) ба Боғи Ғалабаи пойтахт ташриф оварданд.
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва вазири мудофиа Эмомалӣ Собирзода истиқбол гирифтанд.
Қабл аз иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии «Боғи Ғалаба»-ро, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таъмиру навсозӣ шудааст, аз нав ба истифода доданд.
Баъди боздид аз осорхонаи Боғи Ғалаба ва шиносоӣ бо намунаҳои қаҳрамонию фидокориҳои фиристодагони Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои навсозӣ, ки бо сифати баланд иҷро шудааст, баҳои баланд дода, ба раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва иҷрокунандагони кор арзи сипос намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, барои идомаи корҳои навсозӣ дар Боғи Ғалаба дастуру тавсияҳои иловагӣ доданд.
Дар ин рӯз майдони баргузории гулчанбаргузорӣ идона оро ёфта, ҳайати шахсии оркестри ҳарбӣ ва иштирокдорони маросим саф кашида буданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба поси хотираи афсарону сарбозон ва ҳамаи онҳое, ки дар он ҷанги пурдаҳшат ҷон нисор кардаанд, дар назди “Оташи ҷовидон” гулчанбар гузоштанд.
Бо гузоштани гулчанбар ва гиромидошти қаҳрамонони мардуми тоҷик Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равони шаҳидони Ватани азизи моро шод намуданд.
Дар ин рӯз, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Файзалӣ Идизода аз Маҷлиси Олӣ ва Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди «оташи ҷовидон» гулчанбар гузоштанд.
Ҳамчунин, аз Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратӣ, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, корпуси дипломатии муқими шаҳри Душанбе ва Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди “оташи ҷовидон” гулчанбарҳо гузошта шуданд.
Бояд гуфт, ки Боғи Ғалаба дар теппаҳои қисми шимолу шарқии шаҳри Душанбе воқеъ буда, яке аз муҳимтарин маҷмааҳои ёдгорӣ ва мавзеъҳои таърихию фарҳангии пойтахти Тоҷикистон мебошад.
Боғ ҳамчун рамзи эҳтиром ба қаҳрамонӣ ва фидокориҳои мардум дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 9-уми майи соли 1975 ба муносибати 30-солагии Ғалаба ба истифода дода шуда буд.
Дар маркази маҷмааи ёдгорӣ “Оташи ҷовидон” фурӯзон аст, ки дар назди он ҳамасола ба хотири пос доштани хотираи қурбониёни ҷанг маросими гулгузорӣ сурат мегирад.
