ДАСТГОҲИ ИҶРОИЯИ ПРЕЗИДЕНТ. ГУЗОРИШ АЗ ҲАМОИШИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВӢ БА ИФТИХОРИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

13 май 2026, Чоршанбе
0

Дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар мавзуи “Таърихи истиқлолият ва нақши Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзу пойдории давлатдории миллӣ” ҳамоиши илмию назариявӣ доир шуд.


Дар он собиқадорони хизмати давлатӣ, олимону таърихшиносон маърузаҳои хешро ироа намуданд.
Таъкид гардид, ки истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастовард буда, заминаи ҳифз ва таҳкими давлатдорию ҳувияти миллӣ, худшиносию худогоҳӣ ва озодию соҳибихтиёрӣ аст. Тайи 35 соли соҳибистиқлолӣ кишвари азизи мо ба дастовардҳои камназири сиёсию фарҳангӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гашта, ҳамчун давлати сулҳҷӯ, тараққихоҳ ва ташаббускори рафъи мушкилоти ҷаҳонию минтақавӣ аз худ дарак дод.
Иштирокдорони чорабинӣ аз нақши таърихсози Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар поягузории давлатдории миллӣ сухан карда, аз ҷониби вакилон ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро падидаи таъсиргузор дар бунёди ҷомеаи демократӣ номиданд.
Таъкид шуд, ки маҳз бо талошҳои пайвастаи Роҳбари давлат барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули истиқлоли миллӣ, бунёди ҷомеаи демокративу дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона заминаи воқеӣ фароҳам омад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи роҳбарии хеш бо заҳмату фидокориҳои камназир миллатро аз парешонӣ наҷот бахшида, Тоҷикистонро ба кишвари амну осоишта ва ободу пешрафта табдил доданд.


Комрон ЗИКРУЛЛО, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 12.05.2026 №: 90-91