ХУҶАНД. ГИРОМИДОШТИ ШОИР НОРИНИСО
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба ифтихори 75-солагии зодрӯзи шоири маъруфи кишвар Норинисо Алимуҳаммад таҳти унвони “Ормони зани тоҷик дар шеър” маҳфили «Суханварони Суғд» доир гашт.
Намояндагони доираҳои адабӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагон Аҳмадҷони Раҳматзод, муовини раиси шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳорӣ, наздикону пайвандони шоир, шоирону муҳаққиқон ширкат варзида, перомуни зиндагӣ ва осори эҷодии Норинисо Алимуҳаммад андешаҳои худро баён доштанд.
Ректори Донишгоҳ Мирзотоҳир Набизода зимни сухани ифтитоҳӣ аз ҷойгоҳи арзанда ва саҳми босазои шоир дар рушди адабиёти муосири тоҷик ёдовар шуд.
Аҳмадҷони Раҳматзод ва Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона паҳлуҳои гуногуни рӯзгор ва фаъолияти эҷодии шоирро таҳлил ва нақши ӯро дар ғанӣ гардондани ганҷинаи адабиёти миллӣ баланд арзёбӣ карданд.
Дотсент Субҳони Аъзамзод ва шоир Сурайёи Ҳасансултон бо баррасии вижагиҳои ҳунарии ашъори Норинисо Алимуҳаммад, аҳамияти эҷодиёти ӯро дар ташаккули завқи бадеии ҷомеа таъкид намуданд.
Маҳфил бо иҷрои сурудҳои дилнишин аз ҷониби ҳунармандони шинохта Ҳасан Ҳайдар ва бародарон Шамсиевҳо идома ёфт.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
