КОРРУПСИЯ. АНДЕШАЕ ЧАНД ДАР РОҲИ МУҚОВИМАТ БО ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ

Коррупсия масъалаи дорои хусусияти глобалӣ мебошад. Он дар шакл ва сатҳҳои гуногун зуҳур намуда, монеаи ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии ҷомеа маҳсуб мешавад.
Бинобар ин, кишвари мо низ ҳамчун давлати мустақил ва рӯ ба рушд масъалаи мубориза бо ин зуҳуроти номатлубро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор додааст. Пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, пеш аз ҳама, ба заминаҳои ҳуқуқии мустаҳкам такя мекунад, ки дар қонунгузории миллӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ифода ёфтаанд. Барои муқовимат ба коррупсия Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии мубориза бо ин падидаи номатлубро ташаккул дода, онҳоро мунтазам такмил медиҳад. Яке аз санадҳои асосии ҳуқуқӣ дар самти мубориза ба коррупсия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» мебошад. Қонуни мазкур аз 7-уми августи соли 2020, №1714 дар таҳрири нав қабул гардида, принсип, шакл ва усулҳои асосии муқовимат ба коррупсияро муайян менамояд, фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдорро дар ин самт танзим мекунад. Дар баробари ин, Қонун уҳдадориҳои шаҳрвандон ва ҷомеаи шаҳрвандиро дар пешгирии амалҳои коррупсионӣ муқаррар менамояд.
Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии коррупсия ҳамчун маҷмуи чораҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ фаҳмида мешавад. Ин чораҳо ба бартараф намудани шароитҳое, ки ба содир шудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидат мекунанд, равона гардидаанд. Роҳҳои асосии мубориза ба коррупсия – баланд бардоштани шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ, такмили низоми хизматрасониҳои давлатӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва ҷорӣ намудани идоракунии электронӣ маҳсуб меёбанд. Дар ин замина, татбиқи низоми электронии хизматрасонӣ, савдои электронӣ ва пардохтҳои ғайринақдӣ дар муқовимат ба коррупсия на танҳо шаффофиятро таъмин менамоянд, балки метавонанд омилҳои таъсиррасонии инсонӣ ва эҳтимоли амалҳои коррупсиониро ба ҳадди ақал коҳиш диҳанд. Дигар омили муҳими муқовимат ба коррупсия истифодаи технологияҳои нав, аз қабили зеҳни сунъӣ, мебошад ва он имконият медиҳад, ки назорат ба равандҳои молиявӣ ва идоракунӣ пурзӯр гардида, самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ боз ҳам баланд бардошта шавад.
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тарбияи ахлоқии онҳо низ метавонад дар пешгирии коррупсия нақши муҳим дошта бошад. Таҷриба собит менамояд, ки агар шаҳрвандон ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худро хуб донанд ва риоя кунанд, метавонанд ба амалҳои ғайриқонунӣ муқовимат намоянд ва дар ташаккули мафкураи зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа саҳм гузоранд. Дар ин раванд, нақши муассисаҳои таълимӣ, воситаҳои ахбори омма ва ҷомеаи шаҳрвандӣ хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Ғайр аз ин, дар баробари тадбирҳои ҳуқуқӣ, сиёсати иҷтимоии давлат низ барои пешгирӣ ва паст кардани сатҳи коррупсия равона шудааст. Бо ин мақсад, барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ “Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия” ҳамасола фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб мерасанд. Дар ин бора фармони навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14-уми январи соли 2026, №1132 қабул шудааст. Ҳамин тавр, баланд бардоштани маоши вазифавии кормандони мақомоти давлатӣ, беҳтар сохтани шароити хизмат ва таҳкими кафолатҳои иҷтимоӣ ҳисси масъулиятшиносии онҳоро зиёд намуда, ҳамчун омили муҳими муқовимат ба коррупсия мусоидат мекунад.
Ба ғайр аз иштироки ҷомеа, ҳамчунин, дар низоми мақомоти давлатӣ, сохторҳои махсус барои муқовимат ба коррупсия таъсис дода шудаанд. Дар ин самт Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсия барои ошкор, таҳқиқ ва пешгирӣ кардани амалҳои коррупсионӣ нақши калидӣ дорад. Тибқи Қонун номгӯ ва доираи салоҳияти субъектҳои бевосита ба коррупсия муқовиматкунанда ва субъектҳое, ки дар муқовимат ба коррупсия иштирок менамоянд, муайян карда шудаанд.
Ҳамзамон, татбиқи стратегияҳои давлатии муқо-вимат ба коррупсия ба рушди низоми самараноки идоракунии давлатӣ заминаи мусоид мегузорад. Бо ин мақсад, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми марти соли 2026, №1145 Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳалаи дуюм (солҳои 2026 – 2030) қабул гардида, дар заминаи он мониторингҳои мунтазам, таҳлил ва бартараф намудани сабабу омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда амалӣ мешаванд.
Гарчанде мубориза ба коррупсия вазифаи муҳими давлат ва ҷомеа маҳсуб ёбад ҳам, он ҳамкории ҳамаи қишрҳои иҷтимоиро талаб менамояд. Маҳз дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаҳои мустақил дар пешгирӣ ва ошкор кардани амалҳои коррупсионӣ метавонанд нақши муҳим дошта бошанд.
Асосҳои ҳуқуқии пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як низоми мукаммалро ташкил медиҳанд, ки аз қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иборатанд. Барои ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас дар ин самт ҳамкории самараноки давлат ва ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва татбиқи шаффофи қонунҳо зарур мебошад. Танҳо ҷомеаи аз коррупсия озод барои рушди устувор ва зиндагии шоистаи шаҳрвандон имкониятҳои бештар фароҳам оварда метавонад. Натиҷаи самараноки ин ҳамкорӣ метавонад ташаккули муносибати таҳаммулнопазир нисбат ба коррупсия ҳамчун зуҳуроти зиддиҷамъиятӣ бошад. Маҳз чунин муносибат ба сифати неруи муҳими муқовиматкунанда ба муқобили коррупсия баромад мекунад. “Не”-и ҷомеа ба ҳама гуна амалҳои коррупсионӣ – омили муҳими мусоидаткунанда ба рушди устувори минбаъда хоҳад гашт.
Абдуҷаббор ҚОДИРЗОДА,
муовини раиси Комиссияи марказии интихобот
ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон
