ДУШАНБЕ. МИЗБОНИ КОНФРОНСИ 35-УМИ МИНТАҚАВИИ СОЗМОНИ ОЗУҚАВОРӢ ВА КИШОВАРЗИИ СММ

14 май 2026, Панҷшанбе
2


11-уми май дар Кохи Сомон бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ ифтитоҳ гардид, ки дар он намояндагони 54 давлати узви Созмон, роҳбарони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ, корпуси дипломатӣ ва коршиносони соҳа иштирок намуданд.


85 ДАРСАДИ ИСТИФОДАИ ОБ БА СОҲАИ КИШОВАРЗӢ РОСТ МЕОЯД
Дар сухани ифтитоҳӣ Қоҳир Расулзода иброз дошт, ки ин Конфронси муҳим ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон рост омад. Тули ин солҳо кишвари мо ба суботи назарраси макроиқтисодӣ ноил гардид. Дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба сари аҳолӣ 3,4 баробар ва даромади аҳолӣ 6 баробар афзуд. Дар ин замина, имкон фароҳам омад, ки сатҳи камбизоатӣ то 19 дарсад коҳиш ёфта, давомнокии миёнаи умри шаҳрвандон ба 77 сол расад.
Дар масъалаи об гуфта шуд, ки 85 дарсади истифодаи он ба соҳаи кишоварзӣ рост меояд. Изҳори ташвиш шуд, ки тағйирёбии иқлим, фишори демографӣ, фарсудашавии инфрасохтор ва рақобати афзоянда байни бахшҳо норасоии захираҳоро ба вуҷуд овардааст ва сари ин масъала чораандешӣ мебояд. Аз ҷумла, таназзули экосистема устувории системаҳои об ва озуқавориро заиф карда, давраи шадиди осебпазирии экологӣ ва иқтисодиро дар пай дорад. Ин равандҳои динамикӣ зарурати татбиқи равиши экосистемаи об – энергия – озуқавориро барои муайян кардани идоракунии самаранок талаб менамояд.
Қоҳир Расулзода аз ҳадафҳои дар назди худ гузоштаи Ҳукумати мамлакат сухан гуфта, афзуд, ки то соли 2030 бояд дар 50 дарсади заминҳои обёришаванда технологияи сарфаи обро ҷорӣ кунем. Ба рушди хоҷагиҳои хурду миёна, ки дар таъмини амнияти озуқаворӣ нақши муҳим мебозанд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад. Ҳамзамон, ба рушди чорводорию парандапарварӣ, инчунин саноати коркард, диққати аввалиндараҷа дода мешавад.


ТСЮЙ ДУНЪЮЙ: «МАБЛАҒГУЗОРИИ ДАВЛАТӢ ВА ХУСУСИРО АФЗОИШ ДИҲЕМ»
Дар навбати худ Мудири кулли Созмон Тсюй Дунъюй иброз намуд, ки мушкилоти тағйирёбии иқлим ва буҳронҳои иқтисодӣ сарҳад надоранд ва онҳоро бояд якҷоя ҳал кард. Номбурда аз иштирокчиён даъват кард, ки дар саросари минтақа барои таъмини фаъолияти мунтазами соҳа тадбирҳои ба гардиши кишоварзӣ ворид сохтани заминҳои бекорхобида, ҳосилхез намудани онҳо ва тавонмандсозии деҳқонон тақвият ёбанд.
– Вазъи шадиди обу ҳаво (хушксолию обхезиҳо), муносибати навро дар рушди кишоварзӣ ва тағйир додани системаҳои соҳа тақозо мекунад. Ба сифати истеҳсолот, таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум таваҷҷуҳи хосса бояд дод. Бо вуҷуди ин, барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо мо бояд ҳаҷми маблағгузории давлатӣ ва хусусиро биафзоем, деҳқононро дастгирӣ намоем ва захираҳои иқлимиро самараноктар истифода барем, – гуфт Тсюй Дунъюй.
Таъкид гардид, ки имрӯз мусоидат ба азхудкунии заминҳои кишоварзӣ, ки дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ беш аз 90 миллион гектарро ташкил медиҳад, муҳим аст, зеро ин заминҳо дар ҳолати таназзул қарор доранд.


ТОҶИКИСТОН КИШВАРҲОРО МУТТАҲИД МЕНАМОЯД
Ба андешаи Агаси Арутюнян, намояндаи Созмон дар Тоҷикистон, ки дар мусоҳибааш бо АМИТ “Ховар” зикр кардааст, баргузории ин Конфронс дар шаҳри Душанбе далели эътирофи нақши боризи Тоҷикистон дар рӯзномаи минтақавӣ оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ, кишоварзии устувор, иқлим ва захираҳои об аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Ин ҳамоиш барои муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон, иқтидори кишоварзӣ ва анъанаҳои он дар кӯҳистон имконияти васеъ фароҳам меорад.
Ба таъкиди номбурда, Тоҷикистон Конфронси Созмонро бори нахуст мизбонӣ намуда, давлатҳои Аврупо ва Осиёи Марказиро барои муколамаи стратегӣ оид ба ҳалли масъалаҳои асосии озуқаворӣ ва кишоварзӣ муттаҳид менамояд. Мақсади асосии он муайян кардани афзалиятҳои стратегии кори Созмон дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ барои ду соли оянда мебошад.


Комрон ЗИКРУЛЛО, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 14.05.2026 №: 93