ДЕВАШТИЧ. КУМАКПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ
![]()
9-уми май муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ва раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода аз ҳоли иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945, сокини деҳаи Гулободи деҳоти Ғазантарак Бибола Рӯзиматови 101-сола ва сокини деҳаи Навободи деҳоти Далёни Боло Нозим Носирови 102-сола хабар гирифта, ба онҳо кумакпулии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро супурданд.
Зимни суҳбат зикр шуд, ки диловариву ҷонфидоӣ, корнамоӣ ва қаҳрамониҳои фарзандони фарзонаи Ватан дар саҳифаҳои таърих абадан сабт гардида, барои ҳамеша намунаи ибрат аст.
Ҳамин тавр, ба Бибола Рӯзиматов ва Нозим Носиров аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миқдори 50 000 сомонӣ, аз номи раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода 25 000 сомонӣ ва аз номи раиси ноҳияи Деваштич 5000 сомонӣ кумакпулии яквақта дода шуд.
Иштирокчиёни ҷанг аз дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори хушнудӣ намуда, бо дуову дуруд дар сиёсати созандаю ободкорона ва фаъолияти пурмаҳсули Сарвари давлат барор ва барои Тоҷикистон пешрафту шукуфоӣ орзу намуданд.
Маратҷон ҶАББОРОВ, ноҳияи Деваштич
