ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ТАВСЕА МЕЁБАД

14 май 2026, Панҷшанбе
10

Чанд рӯз пеш аз вилояти Хатлон ба хориҷи кишвар 20 мошини боркаш бо зиёда аз 440 тонна маҳсулоти кишоварзӣ равон шуд.

Тавре аз раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Хатлон иттилоъ доданд, аз аввали мавсим тавассути гузаргоҳҳои гумрукии ҷумҳурӣ аз вилояти Хатлон беш аз 3000 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба бозорҳои хориҷӣ интиқол ёфтааст. Қисми асосии содиротро пиёзи барвақтӣ ташкил медиҳад, ки ҳаҷми он ба 2700 тонна мерасад. Ҳамчунин, зиёда аз 200 тонна лаблабуи сурх, 70 тонна зардолу ва дигар навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ ба кишварҳои хориҷӣ фиристода шуд. Маҳсулоти истеҳсолшуда, асосан, ба Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Туркия содир мегардад.
Мутахассисон афзоиши ҳаҷми содиротро натиҷаи рушди зерсохтори соҳа, бахусус таъсиси марказҳои логистикӣ, анборҳои нигоҳдорӣ, сардхонаҳо ва коргоҳҳои бастабандии маҳсулот, арзёбӣ мекунанд. Чунин иқдом имконият фароҳам овардааст, ки соҳибкорону истеҳсолкунандагон мавқеи худро дар бозорҳои хориҷӣ боз ҳам мустаҳкам намоянд.
Дар баробари ин, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани содироти маҳсулоти ватанӣ, сохторҳои марбута вазифадор гардидаанд, ки аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода баранд ва ҳаҷми содиротро боз ҳам зиёд намоянд.
Қобили зикр аст, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор, аз ҷумла Агентии содироти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, барои рушди иқтидори содиротии минтақа ва муаррифии маҳсулоти кишоварзии ватанӣ дар бозорҳои байналмилалӣ тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ намуда истодаанд.


Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 14.05.2026 №: 93