АМНИЯТ. ҚАЛЛОБӢ ВА КИБЕРҶИНОЯТҲО ОҚИБАТҲОИ НОГУВОР ДОРАНД

14 май 2026, Панҷшанбе
6


Боиси таассуф аст, ки дар шароити кунунӣ амалҳои қаллобӣ ё худ киберҷиноят босуръат паҳн шуда, реша давонда истодааст, ки ин раванд ба амнияти давлат, шахсият ва ҷомеа таҳдиди ҷиддӣ дорад. Қаллобӣ ва киберҷиноятҳо, асосан, тавассути интернет ва технологияҳои иттилоотӣ содир шуда, бештар ба дуздии маблағ, маълумоти шахсӣ ва тамаъҷӯӣ равона шудаанд.
Тибқи иттилои Валӣ Ваҳҳобов, сардори шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои кибернетикии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия, соли 2025-ум 468 ҷиноят, ки ба воситаҳои иттилоотии коммуникатсионӣ ба амал омадаанд, ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 36 ҷиноят зиёд аст.
– Дахлнопазирии шахсиятро қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ эътироф ва ҳимоя мекунад. Дуздии маълумоти шахсӣ, гирифтани ному насаб, рақами корт, рамзҳо ё аксҳо бе иҷозат ҷиноят дониста мешавад. Мутаассифона, имрӯзҳо, ҳамчунин, таҳқир, таҳдид ё фишор ба одамон низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби афроди гуногун ба назар мерасад, ки ин амалҳо ғайриқонунӣ буда, ҷавобгариро талаб мекунад, – изҳор дошт Валӣ Ваҳҳобов.
Мавриди зикр аст, ки корбарони ин гурӯҳҳо бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии замони муосир бо роҳи таъсиррасонӣ ба шуур ва афкори одамон рафтори онҳоро тағйир медиҳанд ва кӯшиш менамоянд, ки муносибати байни давлат ва ҷомеаро хароб созанд. Онҳо дар бисёр шаклу намудҳо зуҳур карда, дар самтҳои гуногун хеле фаъоланд.
Масалан, афроди гуногун, ки бештари онҳо хориҷианд, аз номи кормандони корхонаю ташкилотҳои ватанӣ, бонкҳо ё ин ки аз номи шахсиятҳои шинохта баромад намуда, мардумро ба он даъват менамоянд, ки рақамҳои корти худро ба нишонии онҳо равон кунанд. Ҳамзамон, маблағи гуногун аз 40 то 60 сомониро ба суратҳисоби онҳо зуд пардохт намоянд. Дар сурати фавран гузарондани пули талабкардаи онҳо, дар муддати хеле кӯтоҳ ба корти шахсиашон маблағи аз 10 то 50 ҳазор сомонӣ ё аз ин бештар ёрипулӣ интиқол мегардад. Мардуми зудбовар ба ин суханони бардурӯғ бовар карда, пули гуфтаи онҳоро ба рақами корти пешниҳоднамудаашон мегузаронанд. Дар натиҷа, онҳо ҳам аз маблағи худ маҳрум мешаванд ва ҳам қаллобон рақамҳои корти онҳоро аз худ карда, маблағҳояшонро минбаъд медузданд.
Мисоли дигар. Чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабари бардурӯғе паҳн шуд, ки гӯё Бонки миллии Тоҷикистон ба мизоҷон бо 1 фоиз қарз медиҳад. Дар посух ба ин овозаи сохта Бонки мазкур вокуниш намуд, ки ин иттилои дар баъзе шабакаҳои иҷтимоӣ паҳншуда воқеият надорад. Аз ин рӯ, аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба хабару иттилооти носаҳеҳ бовар накарда, маълумоти расмиро танҳо аз манбаъҳои боэътимод дастрас намоянд.


АМНИЯТИ МОЛИЯВӢ ВА ҲИФЗ АЗ ҚАЛЛОБӢ
Зубайдулло Ҳамидов, муовини сардори идораи мониторинги молиявӣ ва идоракунии хавфҳои бонкӣ (қаллобӣ)-и КВД БА ҶТ “Амонатбонк”, иброз дошт, ки амнияти молиявӣ яке аз унсурҳои калидии суботи Бонк буда, тавассути низоми мукаммали идоракунии хавфҳои бонкӣ, механизмҳои киберамният ва назорати дохилӣ таъмин карда мешавад.
Бонкҳо барои ҳифзи маблағҳои мизоҷон аз технологияҳои муосири муҳофизатӣ, аз ҷумла рамзгузорӣ (encryption), аутентификатсияи бисёрмарҳалагӣ (MFA), мониторинги транзаксияҳо ва низоми ошкорсозии амалиёти шубҳанок истифода мебаранд. Бо вуҷуди ин, таҷриба нишон медиҳад, ки қисми зиёди талафоти молиявӣ на аз дахолати мустақим ба низомҳои бонкӣ, балки аз истифодаи усулҳои муҳандисии иҷтимоӣ (Social Engineering) аз ҷониби қаллобон ба амал меояд. Қаллобон тавассути зангҳои телефонӣ, паёмакҳо, сомонаҳои сохта ё шабакаҳои иҷтимоӣ мизоҷонро фиреб дода, онҳоро водор месозанд, ки маълумоти махфии худро ихтиёран пешниҳод намоянд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки шахсони дорои саводнокии молиявии камтар, калонсолон (нафақагирон), шахсони ҷустуҷӯкунандаи “даромади зуд ва осон”, истифодабарандагони нав дар замимабарномаҳои рақамӣ бештар осебпазир мебошанд.
Саволе ба миён меояд, ки агар шаҳрванд бо хатоии худ маблағи корташро аз даст диҳад оё бонк вазифадор аст, ки онро баргардонад?
– Шаҳрвандони ҷумҳурӣ бояд иттилоъ дошта бошанд, ки ҳар як дорандаи корт ё ҳамёни электронӣ имконияти васеи истифодабариро дар интернет-мағозаҳо ва, умуман, дар харидҳое, ки тавассути корт ё ҳамёнҳои электронӣ анҷом дода мешаванд, доро мебошад. Қаллобон низ ба ҳамин василаҳо метавонанд ба боварии дорандагони воситаҳои пардохт ноил шуда, усулҳои дастрасиро ба маблағҳои дар корт ё ҳамёнбуда ҷустуҷӯ ва амалӣ намоянд. Аз ин лиҳоз, дар ҳолати пешниҳоди маълумоте, ки аз тарафи худи мизоҷ ба қаллобон пешниҳод мегардад, Бонк маблағҳои харҷшударо бозпас карда наметавонад. Яъне, ҳифзи маълумоти махфӣ масъулияти бевоситаи дорандаи корт мебошад, – изҳор дошт Зубайдулло Ҳамидов.
Дар ин раванд танҳо тадбирҳои амниятӣ метавонанд шаҳрвандонро аз чунин ҳолатҳои қаллобӣ ҳифз намоянд. Барои ин, аз ҷониби шаҳрвандон риояи қоидаҳои одии амниятӣ, аз қабили махфӣ нигоҳ доштани рамзҳо, накушодани паёмакҳои ношинос, истифодаи барномаҳои расмии бонкӣ ва фаъол намудани тасдиқи дуқадамӣ, бисёр муҳим аст. Дар навбати худ, Амонатбонк низ пайваста чораҳои амниятӣ, аз ҷумла ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои танзимкунанда нисбат ба шумора ва ҳадди ниҳоии маблағи амалиётҳои интиқоли маблағҳо ба ҳамёнҳо ва кортҳои дигарро тақвият медиҳад. Ҳадафи асосии Бонк ҳифзи манфиат ва амнияти молиявии шаҳрвандон мебошад.
Валӣ Ваҳҳобов таъкид мекунад, ки барои пешгирии ҷиноятҳои киберӣ ҳар як шахс бояд қоидаҳои амнияти рақамиро риоя намояд. Дар ҳолати шубҳа намудан ва ё пеш омадани чунин мушкилӣ шаҳрвандон метавонанд ба рақамҳои фаъоли Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 235 – 11 – 11 муроҷиат намоянд.


Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 14.05.2026 №: 93