КӮЛОБ. АЗ ДАСТИ САХОИ МАРДУМ ТО ДИЛИ ГАРМИ ЗАРАРДИДАГОН

![]()
![]()
Дар лаҳзаҳои ногувори зиндагӣ дасти касеро гирифтан аз беҳтарин накуиҳо ва сифатҳои баланди инсонист, ки мо инро дар рӯзҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб аз ҷониби соҳибкорону шахсони саховатпеша, намояндагони мақомоти давлатӣ ва дигарон шоҳид будем. Ин зумра инсонҳои накукори Ватан дар пайравӣ ба амалҳои ҷавонмардона ва ғамхории саривақтии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ёрӣ ба зарардидагон ва бартарафсозии оқибатҳои сел ба ихтиёри дили худ муттаҳид гардиданд, ки бозгӯи ахлоқи ҳамидаи миллати тоҷик аст.
Яке бо қувваи даст, дигаре бо додани таом ва сеюмӣ аз лиҳози таъминоти техникаю лавозимоти кор ва ғайра ба осебдидагони офати табиӣ дасти ёрӣ дароз карданду дар паҳлуи мардуми ин маҳал қарор гирифтанд. Аз ҷумла, ҷавонмардони саховатпеша аз оилаҳои Нақшовҳо, Саидоваҳо ва роҳбарияти ширкати “Мавҷи истиқлол” ба назди зарардидагони шаҳр аз селобаи 1-уми майи соли равон омада, муддати чанд рӯз аз лиҳози таъминоти хӯроки гарм, либос, техникаҳои калонҳаҷми боркаш ва лавозимоти дигар ба ёрии мардум машғул буданд. Шахсони номбурда ба гурӯҳҳои корие, ки хонаву ҳавлии сокинон, кӯчаҳо ва ҷӯйҳоро аз боқимондаҳои сел тоза мекарданд, таом дода, дар иҷрои саривақтии корҳо саҳми босазо гузоштанд. Коргарон бидуни танқисӣ ба обу хӯрок меҳнати софдилона анҷом доданд. Ҳамзамон, техникаҳое, ки онҳо таъмин мекарданд, барои ҷамъоварӣ ва кашондани лою шағали аз сел боқимонда кумаки назаррас расонданд. Ин буд, ки боқимондаҳои сел аз кӯчаю ҳавлиҳо ва ҳуҷраҳои мардум тоза карда шуданд. Ҳоло ҳам бо саҳми мардуми муттаҳид барои пурра барқарорсозии иншоот корҳо бомаром ҷараён доранд.
Зайруло Нуралиев, раиси маҳаллаи Роҳи оҳан, макони асосии зарардидагон, изҳор дошт, ки аз ҳамон рӯзҳои аввали сар задани офати табиӣ, аллакай, нафарони дастбахайр дар паҳлуи мардум буданд. Шахсони саховатпеша, дар навбати худ, ба мардуми зарардида ва коргарон либос, орду равған, лавозимоти корӣ мерасонанд. Ҳамаи ин корҳои неки ҷавонмардонаро мо, сокинони маҳаллаи офатрасида, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунему дуои хайр дар ҳаққи онҳо дорем. Бигузор мардуми тоҷик ҳамеша чунин муттаҳид бошад ва аз ин сарҷамъӣ ҳар харобазоре обод мегардаду хушкиҳо хуррам.
Мавриди зикр аст, ки дар корҳои тозакунии маконҳои селзада аз лою шағал ва барқарорсозии иншоот курсантҳои Коллеҷи милитсия дар шаҳри Кӯлоб, сарбозони қисмҳои низомӣ ва сокинони дигар маҳаллаҳо ихтиёрӣ саҳмгузорӣ намуда, аз худ хотираи нек боқӣ гузоштанд.
Бовар дорем, ки ба шарофати дастгирии давлату Ҳукумати кишвар ва сарҷамъии мардуми тоҷик маҳалҳои аз сел осебдидаи шаҳри Кӯлоб ва ҳар гӯшаи дигари кишвар ба зудӣ барқарору обод мегарданд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
“Ҷумҳурият”
