НУРОБОД. ВАҚТЕ МАРДУМ БА МОҲИЯТИ ҚОНУН САРФАҲМ МЕРАВАНД...

Сокинони ноҳияи Нуробод моҳияти қонунҳои миллиро ба хубӣ дарк намуда, ба ҷойи маъракаҳои пурдабдаба ба таълиму тарбияи фарзандон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Инчунин, қишри ниёзманди аҳолиро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, дар корҳои ободонию созандагии диёри худ саҳми босазо мегузоранд.
Мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ноҳияи Нуробод, Эраҷ Зафаров иброз дошт, ки баҳри дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳия як қатор чорабиниҳо бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, намояндагони ҳифзи ҳуқуқ ва дигар фаъолону аҳли зиё гузаронда шуданд. Натиҷаи корҳои таблиғотии пайваста буд, ки мардум ба ҷойи оростани маъракаҳои пурдабдабаю исрофкорӣ ба амалҳои хайриявӣ даст зада, дар асоси ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ятимону маъюбон, шахсони бепарастор, оилаҳои камбизоат, собиқадорони ҷангу меҳнат ва дигар шахсони эҳтиёҷманд ёриҳои моддию маънавӣ расонданд.
Аз аввали соли ҷорӣ то имрӯз дар ноҳия беш аз 170 маъракаи домодию арусӣ ва дафну азодорӣ гузаронда шуда, дар ҳамаи онҳо 537,6 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст.
Ҳоло дар ин самт 9 комиссияи доимӣ ва 18 комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият мекунанд, ки дар байни аҳолӣ 38 мулоқот ва 32 рейд гузаронданд.
– Дар се моҳи аввали соли гузашта ду ҳолати қонуншиканӣ ошкор гардида буд. Хушбахтона, имсол то ҳол чунин ҳолат рух надодааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мардум моҳияти ин Қонуни миллиро дарк намудаанд, – гуфт дар хотимаи суҳбат Э. Зафаров.
Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”
ЛАХШ. АЗ БАРАКАТИ ҶАШНИ МИЛЛӢ СИМОИ НОҲИЯ ДИГАР ШУД
Дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни миллии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияи Лахш бунёди 124 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 86-тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва дар 38 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.
– Бо бунёди иншооти гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқ симои ноҳияи Лахш, бахусус маркази он, ба куллӣ дигар шуд, – иброз дошт Муртазо Назифов, мудири бахши сохтмон ва меъмории ноҳияи Лахш.
Ба гуфтаи ӯ, 23 иншоот аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ, 34 иншоот аз ҳисоби сармояи хориҷӣ, 37 иншоот аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ ва 30 иншоот аз ҳисоби аҳолӣ сохта мешавад. Бо бунёди ин иншоот 289 ҷойи кори доимию мавсимӣ муҳайё мегардад.
– Бешубҳа, корҳои анҷомёфта ва нақшаҳои дарпешистода гувоҳи онанд, ки мардуми заҳматкаши ноҳияи Лахш бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ барои ободии Ватан ва рушди диёри худ талош намуда, Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд, – гуфт М. Назифов.
Х. ЗАЙНИДДИН,
“Ҷумҳурият”
