БОТОКС. ИСТИФОДАИ ОГОҲОНА БА СУДИ КОР ХОҲАД БУД!
![]()
Дар солҳои охир истилоҳи «ботокс» ба яке аз мафҳуми маъмул дар соҳаи косметология ва тиб табдил ёфтааст. Агар чанде пеш истифодаи он танҳо миёни доираҳои маҳдуди мутахассисон маъруф буд, имрӯз ботокс ҳамчун воситаи дастрас барои нигоҳдории зебоӣ ва табобати баъзе бемориҳо шинохта мешавад. Аммо ботокс чист ва чӣ аҳамияти воқеӣ дорад?
Тавре Рухшона Зокирова, зебоишинос, мутахассиси нигоҳубини пӯст, ороишгар, иброз намуд, ботокс ин доруе мебошад, ки аз токсини бактерияи Clostridium botulinum ҳосил карда мешавад. Ҳарчанд, ки ин модда дар табиат заҳрнок ба ҳисоб меравад, дар шароити тиббӣ бо вояи хеле кам он ба воситаи бехатар ва самаранок табдил ёфтааст. Механизми таъсири ботокс ба суст кардани фаъолияти мушакҳо асос ёфта, имкон медиҳад, ки кашишҳои зиёдатии онҳо коҳиш ёбанд. Дар косметология ботокс, пеш аз ҳама, барои аз байн бурдани чинҳо ва ҳамвор кардани пӯсти рӯй истифода мешавад. Бартарии асосияш дар он аст, ки бидуни ҷарроҳӣ ва дар муддати кӯтоҳ шахс метавонад намуди зоҳирии худро беҳтар намояд.
Аммо, дар ҳолати воқеии соҳаи косметология ба бисёр мушкилоти вобаста ба ботокс дучор шудан мумкин аст. Бо афзоиши талабот ба хизматрасониҳои косметологӣ, мутаассифона, шумораи марказҳо ва мутахассисони камтаҷриба низ зиёд мегардад. Дар баъзе ҳолатҳо, шахсоне, ки таҳсилоти кофии тиббӣ надоранд, ба чунин хизматрасониҳо машғул мешаванд. Ин ҳолат метавонад ба оқибатҳои номатлуб, аз ҷумла асимметрияи рӯй, вайроншавии фаъолияти мушакҳо ва ҳатто мушкилоти ҷиддии саломатӣ, оварда расонад. Камтаҷрибагии баъзе мутахассисони марказҳои косметологӣ бештар дар он зоҳир мегардад, ки пас аз гузарондани амалҳои косметикӣ дар чеҳраи баъзе занону духтарон сунъӣ будани рӯй ошкор ба назар мерасад. Дар баъзе ҳолатҳо шакли лаб, абрӯ ва ё ифодаи чеҳра ғайритабиӣ шуда, тавозуни зоҳирӣ халал меёбад.
Хуллас, дар маҷмуъ, ботокс, ки имрӯз яке аз воситаҳои муосир ва муассири ҳам косметологӣ ва ҳам тиббӣ ба шумор меравад, суду зиёни худро дорад, аз ин рӯ, истифодаи он бояд огоҳона ва масъулона сурат гирад.
Оҳистамо ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”
