ШОМИ ШАНБЕ

15 май 2026, Ҷумъа
7


ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.


ФИЛВОРДИ «РӮЗНОМА»
Дар ин филворд номи рӯзномаву ҳафтаномаҳои кишвар ҷой дода шудаанд. Тибқи қоидаи ҳалли филворд, шумо бояд аз чап ба рост, аз рост ба чап, аз боло ба поён ва аз поён ба боло ҳаракат карда, онҳоро пайдо намоед.


Таҳиягар М. ОДИНАЕВА
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-82
Масъули рубрика
Ш. ШОКИР
ҶАВОБ БА ФИЛВОРДИ «ШОҲИ САҲНА»:
1. Эдип. 2. Суҳроб. 3. Содиқ. 4. Ризо. 5. Сомонӣ. 6. Маркандал. 7. Фердинанд. 8. Абдулатиф. 9. Ҳамлет. 10. Муъминбек. 11. Расулов. 12. Қудрат. 13. Мақсуд. 14. Талъатбек. 15. Ниёз.
16. Лолаев. 17. Ёрматов. 18. Хлестаков.


30 МОТОТСИКЛ ДАР НАЗДИ ХОНА
Орзуи Киллиан Засси 6-сола
Киллиан Засс писарбачаи хурдсоле аз Олмон, ки мухлиси ашаддии мототсикл буд, гирифтори бемории саратон шуд. Пас аз анҷоми як силсила ҷарроҳиҳо табибон ба волидони кӯдак гуфтанд, ки ба зиндагии ӯ рӯзҳои башумор мондааст.
Ин хабари шум зуд паҳн гашт ва нафароне пайдо шуданд, ки омода буданд, охирин хоҳиши Киллианро амалӣ созанд. Хоҳиши охирини Киллиан одӣ ва хеле кӯдакона буд. Вай фақат мехост, ки назди хонаашон 20-30 мототсиклро бинад ва ғурриши муҳаррики онҳоро бишнавад.
Дере нагузашта 20 000 байкер аз тамоми гӯшаву канори кишвар назди хонаи писарбачаи бемор ҷамъ шуданд ва бо дастгирии полис ба ифтихораш парад баргузор намуданд, ки беш аз 4 соат давом кард.
Баъди 25 рӯз қалби Киллиан аз тапидан монд, аммо дар умри кӯтоҳаш 20 000 нафаре пайдо шуд, ки барои дастгириаш омада буданд.


Таҳияи Наргис АТОЕВА


СТИВЕН БЛУМБЕРГ. ДУЗДЕ, КИ "ГУНОҲ НАДОРАД"
Яке аз китобдуздони машҳури ҷаҳон Стивен Блумберг мебошад, ки зиёда аз 23000 китоби нодирро аз 268 китобхонаи ИМА ва Канада дуздидааст. Қимати китобҳои дуздидаи ӯ 20 миллион долларро ташкил медиҳад.
Ҳамагон дар ҳайрат мондаанд, ки чӣ тавр Стивен китобҳои камёфт, ба монанди китоби якуми «Кулбаи амаки Том»-и Гарриет Бичер-Стоу, нашри 16-уми китоби Инҷил, инчунин, асли китоби «Воқеаномаи Нурнберг»-ро, ки соли 1493 чоп шуда, муқовааш аз пӯсти гӯсола мебошад, ба даст овардааст.
Ҳимоятгарони Блумберг исбот намуданианд, ки Стивен китобпараст буда, барои дарёфти китобҳои нав ба Амрикою Канада сафар мекунад. Стивен ягон китоби бадаст-овардаашро нафурӯхтааст.


Таҳияи Кароматулло АТО


БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО…
ЯХМОС
Ихтирои тасодуфӣ


Яхмосро аксарият дӯст медоранд. Миллионҳо нафар, махсусан дар фасли гармо, ба ин навъи маҳсулот иштиёқи зиёд пайдо менамоянд. Вале кам касоне огоҳанд, ки яхмос ин кашфи тасодуфӣ дар илм аст на таҷрибаи омӯхташуда. Бале, бовар нокарданист, вале далел аст, ки яхмос тасодуфан «ихтироъ» шудааст. Ҳақиқати ҳол ин аст, ки ҳанӯз соли 1905 навраси 11-солаи амрикоӣ Фрэнк Эпперсон машғули бозӣ пиёла (стакон)-и оби содадори худро, ки бо чӯбча бояд омехта, менӯшид, дар рафи оҳании назди ҳавлӣ монда, фаромӯш мекунад. Пагоҳ, ки бо баланд шудани Офтоб баробари кӯдакони дигар ба ҳавлӣ мебарояд, оби худро яхкарда мебинад. Чун аз давутоз ташна мемонад, аз ноилоҷӣ чӯбчаро аз стакон берун бароварда, бо яхи дар тани вай сахтшуда ташнагияшро мешиканад. Ҳамсолон аз кори рафиқи худ завқ бурда, зуд ба ӯ тақлид мекунанду истеъмоли яхмос кашф мешавад.
Аҷиб, танҳо баъд аз 18 соли «ихтироъ» Фрэнк Эпперсон кашфиёти худро бо иҷозатнома соҳибӣ мекунад.
Таҳияи С. РАҲМОНЗОДА


ВАНН
Ғаввоси чиние, ки дар зери об 5 рӯз зинда монд
19-уми июли соли 2025 ғаввоси чинӣ бо номи Ванн ҳангоми бо ҳайат шинокардан тасодуфан роҳро гум карда, аз назари ҳамроҳон дур монд. Наҷотдиҳандагон инро пай бурда, зуд ба ҷустуҷӯ баромада, чанд рӯз амалиёти ҷустуҷӯйиро идома доданд. Ванн дар чуқурии баҳр дар як ҷойи хурди дохили ғор панҷ рӯзро гузаронд. Вақте наҷотдиҳандагон ӯро ёфтанд, дар зарфи ӯ ҳамагӣ 4 дарсад оксиген боқӣ монда буд. Бо вуҷуди хеле паст шудани сатҳи оксиген, Ванн зинда берун оварда шуд ва ҳатто тавонист бе ёрии касе роҳ равад.
Баъдтар Ванн гуфт, ки дар ин мудат танҳо бо хӯрдани моҳии хом зинда мондааст.
Таҳияи Муҳаммад АМИН


ЯКЕ АЗ БАЛАНДТАРИН РОҲҲОИ МОШИНГАРДИ ҶАҲОН


Шоҳроҳи Помир, ки аз ҳудуди Тоҷикистон мегузарад, яке аз баландтарин роҳҳои мошингарди ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Ин масир аз кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Бадахшон гузашта, ҳазорон сайёҳро аз кишварҳои гуногун ҷалб мекунад. Баъзе қисматҳои роҳ дар баландии зиёда аз 4 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгиранд.
Шоҳроҳи Помир на танҳо аҳамияти нақлиётӣ дорад, балки ҳамчун яке аз роҳҳои зеботарини кӯҳии ҷаҳон низ маъруф аст.


Таҳияи Хуршед ТОЛИБОВ


Ҷарроҳе, ки фидокориаш сарҳад надорад


Ҷарроҳи маъруфи саратон ва узвҳои дохилӣ Карими Суҳробӣ бо дониши амиқи анкологӣ ва амалҳои хайриявиаш дар Ғарбу Шарқ шуҳрат дорад.
Рангинтарин саҳифаи фаъолияти тиббиаш, дар солҳои ҷанги Ироқ бо Эрон (1980 – 1988) навишта шудааст. Ӯ ҳамчун ҷарроҳи ҷавон аз рӯзҳои аввали ҳамлаи Ироқ ба хоки Эрон ба ватанаш баргашт, то маҷруҳони ҷангро наҷот диҳад. Вай аз мушкилтарин амалиётҳо наҳаросида, фидокорона сарбозони захмиро аз марг наҷот медод. Таҷрибаи амалие, ки дар ҷанг омӯхта буд дар тибби Амрикову Ғарб пиёда сохт, ки боиси ҳайрати дигар ҷарроҳони саршинос гардид.
Ҳоло дармонгоҳ месозад, ба ниёзмандон ёрии молӣ мерасонад. Шуҳрат не, фақат лабханди мардум барояш аҳамият дорад.
Таҳияи Фирӯз РАҲМОНИЁН


НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ШАМОЛИ ТАНҚИД
Сарояндаи машҳур Карузо вақти бо сафари ҳунарӣ дар Париж буданаш баъди нахустин намоиш шамол хӯрда, нотоб мешавад. Директори театр аз тарси даъвои тамошобинон ба таҳлука афтода ҳатто ба сари ӯ, ки меҳмони асосӣ буд, дод мезанад:
– Ҳеҷ мумкин нест, ки шумо дар гармои тобистон шамол хӯред.
– Рост, вале ҳаво барои ман якбора гармохунук шуд, ки шумо инро намефаҳмед.
– Чӣ хел гармохунук?
– Вақте ба толор даромадам, аз ҳаёҷони мухлисон фазо гарм буд. Маро дидан баробар тӯфони қарсакҳо ҳавои хонаро якбора тафсонд. Намоиш лаҳзае тамом шуд, ки аз гармӣ арақ аз пешониям мешорид. Дар ҳамин ҳол аз қатори пеш, ки мунаққидон банд карда буданд, як насими хунук дар пешонаам заду сахт шамол хӯрдам.
Таҳияи Ҳалима РАҲМОНЗОДА


КОХ ВА ИМТИҲОНИ ШОГИРД
Аз қазо чун субҳи барвақт духтури ҷавон аз дари озмоишгоҳи табиби маъруфи немис Роберт Кох медарояд, устод ҷиддӣ мепурсад:
– Дар зарфи таги дасти ман чӣ меҷӯшад?
– Стрептококҳо устод, ҳайрон мегӯяд шогирд.
– Не, наёфтед.
– Маҳлули намак?
– Боз ҳам не.
Устод чун мебинад, ки шогирд аз шарм сурх шуда истодааст, сарпӯши косаро гирифта, хандида мегӯяд:
– Тухми хонагӣ, бачам. Шину ҳамроҳ наҳорӣ кунем. Ин қадар сахт ба илм дода нашав.
Аз русӣ тарҷимаи Ф. РАҲМОНЗОДА


ЗИНДА ДАР ГӮР Ё ҚИССАИ МАЙКИ ШУҲРАТПАРАСТ
Теъдоди ками одамон орзуи зинда дафн шуданро доранд, аммо Майк Минии ирландӣ солҳои 1960-ум ба ин ақида банд буд. Ӯ ҳамеша шуҳратпараст буд ва чӣ гуна дар таърих сабт сохтани номи худро мехост. Дар 33-солагӣ тасмим гирифт, ки зинда дафн карда шавад.
Майк, ки қаблан дар як садама муддате зери харобаҳо монда буд, мутмаин буд, ки метавонад дар тобут ҳам тоқат кунад. Ҳамин тавр, ӯ дар ҳузури зиёди тамошобинон ба хок супурда шуд. Аз тобут ду лӯла берун бароварда шуда буд: яке барои ғизо ва дигаре ҳамчун ҳавотозакунак. Ӯ 61 рӯз дар дохили тобут монд ва рекорди нав гузошт. Майк вақти худро дар тобут ба таври зайл мегузаронд: субҳ аз хоб бедор шуда, машқҳоро анҷом медод, сипас ба пӯсташ равған молида, ба хондани рӯзнома ё китоб машғул мешуд.
Таҳияи Мавлуда ОДИНАЕВА


50 ҲАЗОР ДОЛЛАР БАРОИ ТАМОШОИ ҶОМИ ҶАҲОН
Шабакаи телевизонии “Fox Sports” эълон кардааст, ба нафаре, ки ҳамаи бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футболро тамошо мекунад, 50 000 доллари ИМА пардохт менамояд. “Fox Sports” ва платформаи ҷустуҷӯи кор “Indeed” ҷойи кории "Мухлиси асили Ҷоми ҷаҳон"-ро бо маоши 50 000 доллар эълон кардаанд.
Мудири маркетинги “Fox Sports” Роберт Готтлиб шарҳ додааст, ки Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 як мусобиқаи таърихӣ хоҳад буд ва барои ҷалби мухлисон ба равиши таърихӣ ниёз дорад. "Як нафар вазифа хоҳад дошт, ки ҳар як достон, ҳар як даста ва ҳар як лаҳзаи ҳаяҷоновари ин бозии зеборо муайян ва эҳсос намояд. Ӯ бояд ҳамаи 104 бозиро тамошо кунад, шарҳ нависад ва дар чорабиниҳои пахши онлайн дар майдони “Таймс Сквер”-и Манҳеттен иштирок намояд", – таъкид сохтааст ӯ.
Ҷоми ҷаҳонии футбол аз 11-уми июн то 19-уми июли соли равон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Мексика баргузор мешавад.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ


БАЛАНДТАРИН «ПИРАМИДАИ ЗИНДА»
Дар шаҳри Танеи иёлати Маҳараштраи Ҳиндустон ҳангоми таҷлили ҷашни суннатии Даҳи Ҳанди сокинон баландтарин “пирамидаи зинда”-и ҷаҳонро бунёд карданд ва рекорди чандинсоларо шикастанд.
Садҳо нафар дар ин чорабинӣ иштирок намуда, пирамидаи даҳқабатаро ташкил намуданд. Баландии он ба 14,73 метр расид, ки тақрибан ба бинои сеошёна баробар аст. Пеш аз ин, рекорд ба пирамидаи нуҳқабата тааллуқ дошт ва солҳои зиёд бетағйир монда буд.
Ҷашни Даҳи Ҳанди ба муносибати рӯзи таваллуди Кришна баргузор мешавад. Тибқи анъана, иштирокдорон аз ҷисми инсон “манора” сохта, кӯшиш мекунанд, то кӯзаи гилини пур аз йогурт ё равғанро, ки дар баландӣ овезон аст, дастрас намоянд.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА


ЧӢ ГУНА БИНОҲОИ 20 000-ТОННАГӢ ДАР МОСКВА КӮЧОНДА ШУДАНД?


Солҳои 1930, дар Москва азнавсозии маркази шаҳр оғоз ёфт ва яке аз кӯчаҳои асосӣ – Тверская бояд васеъ карда мешуд, аммо биноҳои калони истиқоматӣ монеа эҷод мекарданд. Ба ҷойи вайрон кардани онҳо, муҳандисон бо як роҳи ғайриодӣ биноҳоро пурра кӯчонданд. Дар зери биноҳо чӯбҳои металлӣ гузошта, тавассути хатти роҳи оҳани насбгардида бо истифода аз механизмҳои махсус оҳиста-оҳиста онҳоро ба дигар ҷой кӯчонданд. Кӯчондани биноҳо шабона сурат мегирифт. Дар баъзе мавридҳо сокинон ҳатто дар дохили бино буданд ва танҳо субҳ аз кӯчондан огоҳ мешуданд.
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА


ҒОРАТГАРЕ ДАСТЁРИ ПОЛИС


Моҳи октябри соли 2011 дар яке аз кишварҳои аврупоӣ дузде аз автомобили дар истгоҳбуда ду телефони мобилӣ ва ҳамёнеро ғорат кард. Вақте ба яке аз телефонҳо назар андохт, аксҳои порнографияи кӯдаконаро дид. Аз ин ҳолат чунон ба нафрат омад, ки ихтиёрӣ ба мақомоти интизомӣ таслим шуд, то дар тафтиши ин ҳодиса ёрӣ расонад. Ба туфайли ҳамкории дузд марди 46-солае дастгир гардид, ки дер боз ба корҳои ғайриахлоқӣ машғул будааст.
Таҳияи Сайфиддин СУННАТӢ


ДАСТИ ДУОИ МОДАР…


Писаре чун ҳар саҳар ба кор мерафт, модар ӯро то дари хона гусел менамуд. Писар фикр мекард, ки ин як одати маъмулист.
Рӯзе модар бемор шуду натавонист барои гусели фарзанд аз ҷояш бархезад. Он рӯз кори писар барор нагирифт, дилаш ноором буд. Шом ба хона баргашта, модарро дар ҳоли парешонӣ дид ва аз саломатиаш пурсид. Модар оромона гуфт: «Писарам, ман ҳар рӯз баъд аз рафтани ту дарро баста, бароят дуо мекардам, аммо имрӯз, ки натавонистам каме нороҳатам».
Писар фаҳмид, ки пушти ҳар як қадами устувораш дуои модар меистодааст. Пас, ба худ андешид, ки қимати дуои модарро бояд пеш аз дер шудан бишнохт.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР


ҚАТОРАИ ОЯНДА РЕКОРДИ ҶАҲОНИИ СУРЪАТРО ГУЗОШТ


Қатораи магнитии JR Maglev (L0 Series)-и Ҷопон зудтарин қатораи ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Моҳи апрели соли 2015 ин қатора ҳангоми озмоиш бо суръати 603 километр дар як соат ҳаракат карда, рекорди ҷаҳониро ба номи худ сабт намуд. Ин натиҷа расман ба «Китоби рекордҳои Гиннесс» ворид шудааст.
Ҷопон чунин қатораҳоро нақлиёти оянда меҳисобад, ки метавонанд сафар байни шаҳрҳоро хеле зуд ва қулай гардонанд.


Таҳияи Хуршед ТОЛИБОВ


КУКАБАРА. САДОИ ҒАЙРИОДИИ ПАРАНДАИ АВСТРАЛИЯГӢ


Кукабара парандаи аҷиби австралиягӣ аст, ки бо овози беназири худ машҳур аст.
Садои он ба омехтаи аҷиби қаҳқаҳаи баланди одам ва овози ҳайвони ваҳшӣ шабоҳат дорад.
Ҳарчанд ин овоз касро ба воҳима меорад, аммо худи Кукабара мавҷуди комилан беозор мебошад. Маҳз ҳамин садои хос боиси таваҷҷуҳи синамогарони ҷаҳон гаштаасту имрӯзҳо дар аксар филмҳои машҳур барои садо додани саҳнаҳои пурасрору ҳаяҷонбахши ҷангалҳои тропикӣ истифода мешавад.
Барои шунидани садои ғайриодии ин паранда QR-коди зерро зеркашӣ кунед!


Таҳияи Руҳафзо МУРОДОВА

Санаи нашр: 15.05.2026 №: 94