ДУШАНБЕ. МАРКАЗИ МУКОЛАМАИ ҶАҲОНӢ ОИД БА ОБ ВА ИҚЛИМ

22 май 2026, Ҷумъа
4


Пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе рӯзҳои 25 – 28-уми май мизбони Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» мегардад. Ин ҳамоиши муҳими байналмилалӣ бо иштироки беш аз 2500 намояндаи зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон баргузор шуда, ҳамчун яке аз рӯйдодҳои муҳими ҷаҳонӣ дар самти баррасии масъалаҳои обу иқлим арзёбӣ мегардад.
Конфронси мазкур идомаи мантиқии ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об буда, бори дигар мақоми кишварро ҳамчун давлати пешоҳанг ва ташаббускор дар дипломатияи об таҳким мебахшад. Ба шарофати сиёсати дурандешона ва ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон имрӯз ба яке аз марказҳои муҳими муколамаи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об, иқлим ва рушди устувор табдил ёфтааст.
Конфронси чоруми оби Душанбе дар шароите баргузор мешавад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ беш аз пеш бо буҳронҳои иқлимӣ, обшавии босуръати пиряхҳо ва афзоиши хатари норасоии об рӯ ба рӯ гардидааст. Дар ин замина, ташаббусҳои Тоҷикистон, аз ҷумла эълон гардидани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва муайян шудани Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, аҳамияти махсус касб менамоянд. Ин иқдомҳо бори дигар собит месозанд, ки Тоҷикистон масъалаҳои обу иқлимро ҳамчун яке аз самтҳои калидии амнияти ҷаҳонӣ арзёбӣ мекунад.
Тибқи барномаи расмӣ, рӯзи аввали Конфронс ба баргузории чорабиниҳои пешазконфронсӣ, форумҳои махсус ва мулоқотҳои коршиносӣ бахшида мешавад. Ин чорабиниҳо барои густариши ҳамкорӣ миёни давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои илмӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд. Дар рӯзи дуюм маросими расмии ифтитоҳи Конфронс, ҷаласаҳои пленарӣ ва иҷлосияҳои мавзуӣ баргузор мегарданд. Дар доираи ин нишастҳо масъалаҳои об барои инсон, об барои шукуфоӣ, об барои сайёра, об барои ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ барои об баррасӣ мешаванд. Инчунин, баргузор намудани Намоишгоҳи байналмилалӣ ва муаррифии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар соҳаи обу иқлим дар назар аст. Рӯзи сеюми Конфронс ба муҳокимаҳои сатҳи баланд оид ба дурнамои рӯзномаи ҷаҳонии об баъд аз соли 2030, омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2028 ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ бахшида мешавад. Интизор меравад, ки натиҷаҳои Конфронс дар шакли Эъломияи Душанбе қабул гардида, барои густариши ҳамкориҳои минбаъдаи ҷаҳонӣ дар соҳаи об замина гузорад.
Имрӯз омодагӣ ба Конфронси чоруми оби Душанбе дар сатҳи баланд идома дошта, бақайдгирии намояндагони воситаҳои ахбори омма, ҳайатҳои расмӣ ва меҳмонони хориҷӣ фаъолона ҷараён дорад. Инъикоси васеи чорабинӣ аз ҷониби расонаҳои байналмилалӣ низ аз таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои Тоҷикистон дарак медиҳад.
Дар маҷмуъ, Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» на танҳо як ҳамоиши муҳими байналмилалӣ, балки платформаи муассири таҳкими иродаи сиёсӣ, рушди дипломатияи об ва густариши ҳамкории ҷаҳонӣ дар роҳи ҳалли масъалаҳои мубрами обу иқлим ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон бо баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи баланд бори дигар мавқеи худро ҳамчун кишвари ташаббускор, сулҳпарвар ва ҷонибдори рушди устувор дар арсаи байналмилалӣ таҳким мебахшад.


Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 21.05.2026 №: 98