БАНКНОТАИ ҶАШНИИ 100 СОМОНӢ ДАР РӮЙХАТИ ФИНАЛИСТОНИ ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ INTERNATIONAL ASSOCIATION OF CURRENCY AFFAIRS
Бино ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон банкнотаи ҷашнии 100-сомоние, ки ба ифтихори 25-солагии пули миллӣ – сомонӣ бароварда шудааст, ба рӯйхати финалистони Ҷоизаи бонуфузи байналмилалии International Association of Currency Affairs - 2026 дар номинатсияи “Беҳтарин банкнотаи ҷашнӣ” ворид гардид.
Ҷоизаи мазкур аз ҷониби International Association of Currency Affairs (IACA) таъсис дода шуда, ҳамасола ба беҳтарин дастовардҳо дар соҳаи муомилоти пули нақд, технологияҳои асъорӣ ва тарҳи банкнотаҳо тақдим мегардад.
International Association of Currency Affairs – Созмони байналмилалии ихтисосии соҳаи пул ва банкнотаҳо буда, ҳамасола озмуни "Excellence in Currency Awards"-ро роҳандозӣ менамояд ва беҳтарин намунаҳои пулро аз рӯйи тарҳ, технологияи амниятӣ ва навоварӣ интихоб мекунад. Дохилшавӣ ба рӯйхати финалистҳо баёнгари он аст, ки банкнотаи мазкур байни садҳо банкнотаҳои ҷаҳонӣ аз беҳтаринҳо дониста шуда, бо стандартҳои ҷаҳонӣ мувофиқ аст.
Банкнотаи ҷашнии 100 сомонӣ ба муносибати 25-солагии пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот бароварда шуда, марҳалаҳои муҳими таърихи ташаккули давлатдории миллӣ, таҳкими иқтисодиёти миллӣ ва рушди низоми молиявии кишварро таҷассум менамояд. Дар тарҳ ва истеҳсоли банкнотаи ҷашнӣ унсурҳои зерин мавриди назар қарор гирифтаанд:
– тарҳи бадеии нодир ва дорои ҳувияти миллӣ;
– унсурҳои муосири муҳофизатӣ;
– сифати баланди полиграфӣ;
– инъикоси арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва таърихии кишвар.
Боиси зикр аст, ки ин дуюмин Ҷоизаи сатҳи байналмилалии банкнотаи ҷашнии 100-сомонӣ мебошад.
Ҷоизаи аввал 2-юми декабри соли 2025 дар доираи Конфронси байналмилалии High Security Printing дар шаҳри Куала Лумпур (Малайзия) ба Бонки миллии Тоҷикистон тақдим гардида буд. Дастовардҳои мазкур аз сифати баланди тарҳ, технологияҳои ҳифз ва сатҳи муосири истеҳсоли пули миллӣ шаҳодат медиҳанд.
Шомил гардидани банкнотаи ҷашнии Бонки миллии Тоҷикистон ба рӯйхати финалистони IACA Currency Awards нишони баланди эътирофи байналмилалӣ буда, ба таҳкими нуфузи пули миллӣ ва муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, инчунин тавсияи тарҳ ва технологияҳо барои истеҳсоли минбаъдаи пулҳо, мусоидат менамояд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»
