ХАТЛОН. ИҶРОИ НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПИЛЛА БА 82, 87 ФОИЗ РАСИД
Тибқи маълумоти ҶСК «Пиллаи Тоҷик», то 18-уми майи соли 2026 раванди қабули пилла дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома дошта, иҷрои нақша ба 82,87 фоиз расидааст.
Барои мавсими соли 2026 дар вилояти Хатлон истеҳсол ва ҷамъоварии 210 тонна пилла ба нақша гирифта шуда, то 18-уми май 174,21 тонна қабул гардидааст.
Аз рӯйи нишондиҳандаҳо, ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Ёвон, Дӯстӣ, Данғара ва Левакант аз ҷумлаи ноҳияҳое мебошанд, ки нақшаро зиёда аз 100 фоиз иҷро намудаанд. Ноҳияҳои Ҷайҳун, Қубодиён, Вахш, Восеъ, Шаҳритус ва Кӯшониён дар қатори ноҳияҳое қарор доранд, ки ҷамъоварии пилла босуръат идома дорад. Дар баробари ин, дар баъзе шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла Кӯлоб, Темурмалик, Балҷувон, Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Муъминобод, Ховалинг ва Шамсиддин Шоҳин нишондиҳандаҳо ҳанӯз паст буда, масъулонро зарур аст, ки барои вусъат бахшидани корҳои қабул ва иҷрои пурраи нақша тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Масъулони соҳа таъкид мекунанд, ки мавсими ҷамъоварии пилла дар вилояти Хатлон идома дошта, барои иҷрои пурраи он ва таъмини рушди соҳаи кирмакпарварӣ корҳои ташкилӣ тақвият дода мешаванд.
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 21.05.2026 №: 98