ПРАГА. МУЛОҚОТИ ФИРӮЗ ШАРИФЗОДА БО НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ АВРУПОИИ ТАҶДИД ВА РУШД ВА ШИРКАТИ “OG RESEARCH”
Чанде пеш дар шаҳри Прага (Чехия), дар доираи сафари кории ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон – Фирӯз Шарифзода, сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҳмуд Ҷумъазода, сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон – Зафар Раҳмонзода ва директори департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушди Бонки миллии Тоҷикистон – Диловар Убайдуллоев як қатор мулоқотҳои судманд бо намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) ва ширкати “OG Research” доир гардиданд.
Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои пешбурди сиёсати самараноки пулию қарзӣ тибқи таҷрибаи байналмилалӣ, аз ҷумла дар доираи реҷаи ҳадафгирии таваррум, пешгирии таъсири омилҳои манфии монетарӣ ба сатҳи таваррум, истифодаи моделҳои эконометрикӣ барои таҳлил ва пешгӯйии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ табодули афкор намуда, ба рушди бозори пул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз воситаҳои асосии таъсирбахши канали фоизии трансмиссионии сиёсати монетарӣ ба ҳисоб меравад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Фирӯз Шарифзода зикр намуд, ки бо мақсади баланд бардоштани таъсирбахшии фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ ва такмили иқтидори таҳлилӣ-тадқиқотӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати ташхис ва рушди бозори пул як қатор чораҳои амалиро меандешад. Аз ҷумла, дар доираи ҳамкорӣ бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва ширкати “OG Research” масъалаҳои ташаккули фоизи ченакӣ (benchmark) дар бозори байнибонкӣ, омилҳои муайянкунандаи арзиши пул дар бозори байнибонкӣ, усулу воситаҳои пешбурди танзиму идораи маблағи ташкилотҳои қарзии молиявӣ, механизмҳои ҷойгиркунӣ ва дастрасӣ ба пардохтпазирӣ дар бозори байнибонкӣ мавриди арзёбӣ қарор гирифтанд.
Фирӯз Шарифзода барои ҳамкории судманд, хусусан дар самти ҷалби коршиносони байналмилалӣ баҳри такмили сиёсати самараноки пулию қарзӣ ва омӯзиши таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ, изҳори сипос намуд.
Маҳмуд Ҷумъазода бошад, нақши сиёсати самараноки пулию қарзиро дар таъмини муътадилии сатҳи нархҳо калидӣ арзёбӣ намуд ва бо назардошти вазъи кунунии иқтисоди ҷаҳонӣ зарурати таҳкиму густариши ҳамкориҳоро дар бахши молиявӣ ёдовар шуд.
Ҷонибҳо омодагии хешро барои идомаи ҳамкориҳои созанда ва татбиқи муштараки ташаббусҳо дар самти пешбурди сиёсати самараноки пулию қарзӣ баён намуданд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”
