ТОҶИКИСТОН ВА ДИПЛОМАТИЯИ ОБ. КОНФРОНСИ ДУШАНБЕ МУДИРИЯТИ УСТУВОРИ ЗАХИРАҲОИ ОБРО БОРИ ДИГАР ДАР МАЗҲАРИ ТАВАҶҶУҲИ ҶОМЕАИ ҶАҲОН ҚАРОР МЕДИҲАД

25 май 2026, Душанбе
0

Дар доираи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018–2028, имрӯз дар шаҳри Душабе форуму чорабиниҳои канорӣ дар доираи ин ҳамоиши сатҳи баланд оғоз шуданд. Аз ҷумла, то лаҳзаи омода намудани ин гузориш Машварати минтақавии омодагии Осиё ва Уқёнуси Ором барои Конфронси Соз-мони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об дар соли 2026 ба кори худ шуруъ карда, қарор аст, дар қисмати шом чорабиниҳои фарҳангӣ низ баргузор шаванд. Ифтитоҳи расмии Конфронси сатҳи баланд 26-уми май дар Кохи Сомони бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, то 27-уми май дар ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ амалҳои муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ вобаста ба танзими масоили обу иқлим баҳсу баррасӣ хоҳанд шуд. Омодагии сатҳи баланди кишвари мо ҳамчун мизбон ва таваҷҷуҳи васеи ҷомеаи байналмилалӣ ба ин ҳамоиш бори дигар аҳамияти ҷаҳонии ташаббусҳои башардӯстонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди обу иқлимро нишон дода, пешбинӣ мешавад, ки Конфронси мазкур ҳамчун платформаи муҳими байналмилалӣ барои таҳкими ҳамкориҳои ҷаҳонӣ дар самти мудирияти устувори захираҳои об, муқовимат ба таъсири тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва пешбурди дипломатияи об хизмат хоҳад кард. Ҳамзамон, он ба муттаҳид сохтани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, таҳияи роҳҳои ҳалли муштарак барои рафъи мушкилоти глобалии вобаста ба об мусоидат менамояд. Хабарнигорони «Ҷумҳурият» ҷараёни баргузории форуму чорабиниҳои канориро пайгирӣ дошта, дар шумораҳои оянда, аз натиҷаҳои Конфронс, ки то 28-уми май идома меёбад, гузоришҳои муфассал пешниҳод хоҳанд кард. Фирӯз РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 23.05.2026 №: 101