ҶАЙҲУН. АЗ ТАҲКИМИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ТО ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛ ДАР ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНӢ

25 май 2026, Душанбе
5


Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷайҳун, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар як қатор иншооти ҷашнӣ, рафти ҷамъоварии ҳосили ғалла, истифодаи самараноки замин ва фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ шинос шуда, бо сокинону фаъолон мулоқот кард.
Раиси вилоят дар деҳаи Регдашти Ҷамоати деҳоти Қумсангир дар маросими гузоштани санги асоси муассисаи томактабӣ барои 100 нафар кӯдак иштирок намуд. Иттилоъ дода шуд, ки иншоот дуошёна буда, бо ташаббуси мақомоти маҳаллӣ дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд мегардад.
Раиси вилоят аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки рушди соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити арзанда барои таълиму тарбияи кӯдакон яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Бунёди муассисаҳои томактабӣ барои фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти ибтидоӣ ва ташаккули насли донишманду соҳибкасб заминаи мусоид фароҳам месозад.
Дар ноҳияи Ҷайҳун ба истиқболи Ҷашни миллӣ сохтмони зиёда аз 500 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 389 иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст, ки беш аз 78 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Давлаталӣ Саид дар идома бо рафти ҷамъоварии ҳосили ғалла, истифодаи самараноки замин ва фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ шинос шуд. Бо иштироки раиси вилоят дар хоҷагии деҳқонии «Латиф» ба кишти такрории сабзӣ оғоз намуданд. Масоҳати умумии хоҷагӣ 2 гектарро ташкил дода, дар он 1 гектар пиёз ва 1 гектар сабзӣ кишт гардидааст. Дар хоҷагӣ се саҳмдор фаъолият дошта, бо истифодаи самараноки замин барои таъмини бозор бо маҳсулоти кишоварзӣ саҳми назаррас мегузоранд.
Ҳамчунин, раиси вилоят аз хоҷагии деҳқонии «Раҷаббой» боздид намуд. Масоҳати умумии хоҷагӣ 8,12 гектар буда, дар он 6 гектар пахта, 1 гектар гандум ва 1,12 гектар беда кишт кардаанд.
Раиси вилоят дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили гандум низ иштирок кард. Ба иттилои масъулон, имсол аз майдони кишти гандум ҳосили хуб ба даст омада, ҷамъоварии он сари вақт ва мутобиқ ба талаботи агротехникӣ ҷараён дорад. Таъкид гардид, ки истифодаи дурусти замин, риояи муҳлати кишт ва нигоҳубини босифати зироатҳо барои ба даст овардани ҳосили фаровон замина фароҳам овардааст.
Гуфта шуд, ки идомаи корҳои ободониву созандагӣ, бунёди иншооти иҷтимоӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ дар пешрафти иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ҷайҳун аҳамияти муҳим дошта, барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.


Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 23.05.2026 №: 101