Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон якчанд созишнома ба тасвиб расид

29 май 2026, Ҷумъа
7


26-уми май таҳти раёсати Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум, баргузор гардид.
Дар иҷлосия Созишномаи сар-моягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ «РУФТОБ» оид ба муҷаҳҳазгардонии корхонаҳо ва истифодабарандагони дигари энергия бо панелҳои офтобӣ бо иқтидори умумии 2000 МВт, Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консорсиуми гурӯҳи ширкатҳои БТК оид ба татбиқи лоиҳаи «Таъсиси кластери саноати сабук» ва лоиҳаи Қонун «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифта, қарорҳои дахлдор қабул шуданд.


ТОҶИКИСТОН ВА ЭРОН
Ҳамоиши Комиссияи байниҳукуматӣ
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 18-уми Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ, техникӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид.
Гуфта шуд, ки ба шарофати сиёсати хирадмандона ва иродаи қавии роҳбарони олии ду давлат, муносибатҳои дӯстона ва бародаронаи Тоҷикистону Эрон имрӯз ба сатҳи сифатан нави рушд расидааст.
Дар се моҳи аввали соли равон гардиши савдо байни ду кишвар 119,6 миллион доллари ИМА-ро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 8,9 миллион доллар ё 8 дарсад афзудааст.


Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия доир гардид
Дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Русия, ки дар Кохи Борбад сурат гирифт, вазири фарҳанги Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанги Федератсияи Русия Олга Любимова, намояндагони корпуси дипломатӣ ва аҳли ҳунар ширкат варзиданд.
Матлубахон Сатториён баргузории Рӯзҳои фарҳанги Русияро дар Тоҷикистон падидаи фараҳбахши фарҳангӣ арзёбӣ намуд. Рӯзҳои фарҳанг барои боз ҳам бештар шинос шудан бо фарҳангу санъати якдигар ва таҷриба гирифтан аз навгониҳо дар ин соҳа замина мегузорад.
Дар доираи чорабинӣ, аҳли фарҳанги Русия бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский шинос гардида, аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд.

Санаи нашр: 29.05.2026 №: 104