ТОҶИКИСТОН ДАР САРХАТИ ХАБАРҲО. АЗ ИНЪИКОСИ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ВАО ХОРИҶӢ
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028", ки аз 25 то 28-уми май бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Душанбе доир гардид, дар расонаҳои хабарии кишварҳои ҷаҳон васеъ инъикос ёфт.
Аз ҷумла, хабаргузории “AnewZ” (Озарбойҷон) иттилоъ додааст, ки дар Конфронси мазкур беш аз 2500 иштирокчӣ, аз ҷумла 1100 нафар аз 110 кишвари узви СММ, намояндагони сершумори созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва муассисаҳои молиявӣ иштирок намуданд. Хабаргузорӣ таъкид намудааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи пиряхҳо, амнияти об ва хатарҳои иқлимиро дар маркази рӯзномаи байналмилалӣ қарор додааст. Баргузории ин чорабинӣ нақши афзояндаи Тоҷикистонро дар дипломатияи обу иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ нишон медиҳад.
Нашрияи “The Diplomatic Insight” (Покистон) навиштааст, ки бо ташаббуси Тоҷикистон аллакай 14 қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба обу иқлим қабул шудаанд, ки ин нишондиҳандаи нақши фаъоли кишвар дар ҳифзи захираҳои об ва ҳалли мушкилоти глобалӣ мебошад. Дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028», густариши ҳамкориҳои илмӣ байни коршиносони тоҷик ва ҷомеаи байналмилалии академӣ, бахусус тавассути Донишгоҳи Созмони Милали Муттаҳид, барои тақвияти таҳқиқот ва роҳҳои ҳалли амалӣ барои рушди устувор таъкид карда шуд.
Оҷонсии “Associated Press of Pakistan” суханронии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор 2018-2028» нашр намуда, чунин нигоштааст: “Сироҷиддин Муҳриддин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки ҳамкории байналмилалиро тақвият диҳанд ва талошҳои амалисозии онро барои ҳалли мушкилоти афзояндаи об дар саросари ҷаҳон суръат бахшанд”.
Дар сомонаи Департаменти масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (UN DESA) вобаста ба Конфронси мазкур мақолае зери унвони “Об моро муттаҳид мекунад: Чаро Конфронси Душанбе муҳим аст?” ба нашр расид. Тавре дар мақола омадааст, “Конфронси Душанбе ҳамчун як ҷаласаи калидии омодагӣ барои Конфронси оби СММ дар соли 2026, ки аз 8 то 10-уми декабр бо ҳамраисии Сенегал ва Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад, хизмат хоҳад кард”. Дар ин матлаб оид ба аҳамияти ин чорабинии сатҳи баланд сухан рафта, таъкид гардидааст: “Бори аввал ҷонибҳои манфиатдор машваратҳои ғайрирасмиро дар бораи Конфронси оби СММ дар соли 2028, ки баррасии ниҳоии Даҳсолаи амали обро дар назар дорад ва самти ояндаро муайян мекунад, оғоз хоҳанд кард... Об ҳар як ҷанбаи рушди устуворро бо ҳам мепайвандад. Конфронси Душанбе кишварҳои узв, ниҳодҳои СММ, муассисаҳои молиявии байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, мардуми бумӣ, ҷавонон, ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ҷомеаи илмиро барои ҳалли буҳрони об муттаҳид мекунад”.
Сомонаи Созмони ҳамкориҳои Шанхай (“rus.sectsco.org”) зикр намудааст, ки Дабири кулли СҲШ Нурлан Ермекбоев зимни суханронии худ дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» талошҳои Тоҷикистонро барои пешбурди дипломатияи "обӣ" тавсиф кардааст.
Вобаста ба баргузории ин чорабинии сатҳи баланди ҷаҳонӣ, инчунин, сомонаҳои “russian.cgtn.com” (Чин), “pressreader.сом” (Канада), “MENAFN- Trend News Agency”, “blogs.worldbank.org” (Бонки ҷаҳонӣ), портали интернетии ИДМ (“e-cis.info”), Оҷонсии миллии хабарии Ӯзбекистон (“uza.uz”), рӯзномаи “The Times of Central Asia” ва ғайра мақолаю гузоришҳои ҷолиб нашр карда, нақши Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии обро баланд арзёбӣ карданд.
Сайфиддин СУННАТӢ, “Ҷумҳурият”
