МОИ “СУҒД”. РУШДИ САНОАТИ МИЛЛӢ АЗ ҲАДАФҲОИ МЕҲВАРИСТ
Дар партави сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба яке аз марказҳои муҳими истеҳсоливу иқтисодии мамлакат табдил ёфтааст. Имрӯз фаъолияти пурсамари корхонаҳои минтақа далели равшани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва густариши иқтидори содиротии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Бо наздик шудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дастовардҳои МОИ «Суғд» боз ҳам назаррас гардида, саҳми он дар пешрафти соҳаи саноат сол ба сол меафзояд. Дар МОИ «Суғд» барои сармоягузорони дохиливу хориҷӣ имтиёзҳои махсуси андозиву гумрукӣ ва шароити мусоиди соҳибкорӣ муҳайё шудаанд, ки ба рушди истеҳсолот ва ҷалби технологияҳои муосир заминаи воқеӣ фароҳам меоранд.
Тавре роҳбари маъмурияти МОИ «Суғд» Муҳаммад Муҳаммадзода иброз дошт, давоми солҳои фаъолият дар Минтақа 48 субъекти соҳибкорӣ ба қайд гирифта шуда, имрӯз 26 корхона фаъолияти истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ доранд. Корхонаҳо дар самтҳои гуногун, аз истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва коркарди ашёи хом то истеҳсоли мебелу маҳсулоти инноватсионӣ фаъолият менамоянд.
Солҳои охир дар Минтақа масъалаи навсозии истеҳсолот, рушди инфрасохтор ва рақамикунонии хизматрасониҳо дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Бо ин мақсад, шабакаҳои муҳандисӣ такмил ёфта, шароити мусоид барои соҳибкорон муҳайё карда мешавад.
Натиҷаҳои истеҳсолӣ низ аз рушди устувори Минтақа шаҳодат медиҳанд. Танҳо дар соли 2025 ҳаҷми маҳсулоти саноатии истеҳсолшуда дар МОИ «Суғд» ба 557,7 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба соли қаблӣ 115,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳамзамон, фаъолияти содиротии корхонаҳои Минтақа низ тавсеа меёбад. Маҳсулоти истеҳсолшуда имрӯз ба кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Туркия, Олмон, Афғонистон ва чандин давлати дигар содирот мешавад. Ҳаҷми содироти маҳсулот дар соли рафта ба 201,5 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2024-ум 60 миллион сомонӣ бештар мебошад.
Сурайё ҲАКИМОВА,
“Ҷумҳурият”
