ХАТЛОН. БАРДОШТ АЗ ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ
Таҳти роҳбарии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷаласаи корӣ ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарону масъулони сохторҳои соҳавӣ иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа вазъи иҷрои вазифаҳои муҳими соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, сохтмон, иҷтимоӣ ва идеологӣ мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт. Таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди кишоварзӣ равона гардида, рафти иҷрои дурнамои кишти пахта, ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ ва истифодаи самараноки заминҳои киштшаванда баррасӣ шуд.
Таъкид гардид, ки бо дарназардошти шароити мусоиди обу ҳаво масъулон бояд кишти пахтаро дар заминҳое, ки аз ҷамъоварии пиёз ва дигар зироатҳо холӣ шудаанд, сари вақт ба роҳ монанд. Ҳамзамон, ҷамъоварии ҳосили пиёз ва картошка, таъмини содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва омодагӣ ба кишти такрорӣ аз мавзуъҳои муҳими ҷаласа буд.
Дар идомаи ҷаласа фаъолияти ситодҳои мубориза бар зидди малах дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят баррасӣ гардида, барои пурзӯр намудани корҳои пешгирикунанда ва мубориза бо ин ҳашароти зараррасон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд. Ҳамчунин, рафти иҷрои нақшаи бунёди иншооти ҷашнӣ бахшида ба ҷашнҳои муҳими давлатӣ, корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ, бунёду таъмири роҳҳои автомобилгард, ҷалби сармояи мустақим ва татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ муҳокима гардиданд.
Раиси вилоят, ҳамчунин, ба масъалаҳои барқарорсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар шаҳру ноҳияҳо, таъмини фаъолияти босамари ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, ҷамъоварии ҳаққи хизмати обрасонӣ, истифодаи оқилонаи неруи барқ дар насосҳои обкашӣ ва омодагӣ ба мавсими обрасонӣ ба зироатҳои кишоварзӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.
Дар фарҷоми ҷаласа раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва масъулони сохторҳои дахлдор барои иҷрои босифату саривақтии вазифаҳои гузошташуда супоришҳои мушаххас дода, таъкид кард, ки натиҷаҳои иҷрои онҳо таҳти назорати қатъӣ қарор хоҳанд гирифт.
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
