ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Д У Ш А Н Б Е.  ТАНТАНАИ РӮЗИ ҶАВОНОН ДАР ПОЙТАХТ

Д У Ш А Н Б Е.  ТАНТАНАИ РӮЗИ ҶАВОНОН ДАР ПОЙТАХТ

25 май 2023, Панҷшанбе
58
0
 
23 май дар Майдони 800-солагии Москваи назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнии пойтахт таҳти унвони «Дунё пур аз ҷавонӣ!» шоу – барномаи консертии идона бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид. 
Дар ҳамоиши идона муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, зикр намуд, ки Ҳукумати мамлакат, махсусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои аввали ба даст овардани соҳибистиқлолӣ то ба имрӯз ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи зиёд доранд. Маҳз ҳамин таваҷҷуҳ нисбат ба ҷавонон буд, ки пас аз шаш моҳи соҳибистиқлолӣ 13 марти соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» ба тасвиб расида, 17 марти соли 1994 нахустин мулоқоти расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон доир гардид.
Дар ҳамин радиф, ки баҳри дастгирӣ ва ҳавасмандии ҷавонону наврасон аз 26 феврали соли 1998 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, литсейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, омӯзишгоҳҳо ва коллеҷҳо таъсис дода шуд. Аз 20 марти соли 2021 Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ доир ба корҳои намоён дар соҳаи илму техника барои олимони ҷавон таъсис ёфтааст.
Бо хушнудӣ изҳор карда шуд, ки имрӯз ҷавонон аз ҳуқуқҳои зиёд бархурдоранд, аз ҷумла ҳуқуқ ба идоракунӣ, иштирок дар маъракаҳои сиёсӣ ва фаъолияти гуногуни ҷамъиятӣ, ки ҳамаи ин дар Конститутсияи мамлакат ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ нишон дода шудааст. Масалан, тибқи муқаррароти Конститутсия ҷавонон метавонанд дар 25-солагӣ ба мақоми олии қонунгузори мамлакат интихоб шаванд. Иқдоми беназири дигар ин аст, ки барои беҳтар намудани фаъолият ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷавонон ҳамасола дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳо дода мешаванд.
Дар идомаи ҳамоиш бо иштироки сарояндагони шинохтаи дохил ва хориҷи мамлакат консерти идонаи бошукӯҳ, ки аз рақсу суруд ва шеъру таронаҳо дар васфи ватану диёр ва ҷавонӣ иборат буд, барпо гашт.
 
Меҳрона ЗУВАЙДОВА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 25.05.2023 №: 110
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив