ГУМРУК. МУЛОҚОТИ НАМОЯНДАГОНИ МАҚОМОТИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН
Чанде пеш дар гузаргоҳи сарҳадии «Фотеҳобод – Ойбек» ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории намояндагони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид. Чорабинӣ таҳти роҳбарии муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар баргузор шуд.
Дар вохӯрӣ роҳбарону мутахассисони воҳидҳои сохтории Хадамоти гумруки Тоҷикистон, директори КВД «Равзанаи ягона»-и Хадамоти гумрук, инчунин, ҳайати мақомоти гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии ҷаласа рушди минбаъдаи ҳамкории наздисарҳадӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти гузаргоҳи сарҳадии «Фотеҳобод - Ойбек» ва табодули таҷриба дар самти рақамикунонии расмиёти гумрукӣ буд.
Ҷонибҳо масъалаҳои васеъ намудани қобилияти гузарондани гузаргоҳ, такмили равандҳои убури сарҳади давлатӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири рақамӣ дар маъмурикунонии гумрукӣ ва, инчунин, мубодилаи таҷриба дар самти табдили рақамии хизматрасониҳои гумрукиро баррасӣ намуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба баррасии масъалаҳои мушкилоте, ки ҳангоми анҷом додани назорати гумрукӣ ва убури сарҳади давлатӣ ба вуҷуд меоянд, инчунин, таҳияи механизмҳои муштараки ҳалли фаврии онҳо равона гардид.
Ширкаткунандагони мулоқот дурнамои ҷорӣ намудани назорати муштараки гумрукиро тибқи принсипи «Як истгоҳ» дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, инчунин, масъалаҳои ба мувофиқа расидану имзои ҳуҷҷатҳои техникии вобаста ба истифодаи низомҳои электронии сертификатсияи пайдоиши молҳо ва ҳам самтҳои минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаро муҳокима намуданд.
Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа ҷонибҳо омодагиашонро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ, такмили механизмҳои ҳамоҳангсозӣ байни мақомоти гумруки ду давлат ва ҷорӣ намудани равишҳои муосир дар ташкили назорати гумрукӣ дар сарҳади давлатӣ тасдиқ намуданд.
Боиси зикр аст, ки баргузории чунин мулоқотҳо ба баланд бардоштани самаранокии ҳамкории наздисарҳадӣ, суръат бахшидани гардиши мол, фароҳам овардани шароити мусоид барои иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мусоидат менамояд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”
ХУҶАНД. МУАРРИФИИ ИМКОНИЯТҲОИ ИҚТИСОДӢ
Дар шаҳри Хуҷанд аз 17 то 19-уми июни соли 2026 XII Ярмаркаи байналмилалии тиҷоратию сармоягузории «Суғд-2026» баргузор мегардад. Чорабинии мазкур ба муаррифии имкониятҳои иқтисодию сармоягузории минтақа, густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва ҷалби сармояи мустақим равона шудааст.
Дар доираи чорабинӣ баргузории нишастҳои иқтисодию сармоягузорӣ, намоиши маҳсулоту имкониятҳои истеҳсолии корхонаҳо, мулоқоти соҳибкорон дар форматҳои B2B ва B2G, инчунин, имзои меморандуму созишномаҳои ҳамкорӣ пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон, баргузории мубоҳисаҳои панелӣ оид ба рақамисозӣ, суръатбахшии раванди саноатикунонии кишвар ва нақши марказҳои агрологӣ дар рушди соҳаи кишоварзӣ дар назар аст.
Тавре зимни мулоқот бо намояндагони воситаҳои ахбори омма таъкид гардид, имсол Ярмарка бо шаклу муҳтавои нав баргузор шуда, консепсияи баргузории он ба таври назаррас таҷдид гардидааст. Тағйирот қариб тамоми самтҳоро фаро гирифта, аз ороиши майдонҳои намоишӣ ва тарҳи стендҳо то барномаҳои фарҳангиву мусиқӣ бо дарназардошти фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва ҳунари волои мардуми тоҷик таҳия шудаанд.
Ба гуфтаи масъулин, дар ороиши Ярмарка унсурҳои нақшу нигори миллӣ, рамзҳои фарҳанги тоҷикӣ ва тарҳҳои муосири дизайнерӣ истифода мегарданд, ки мероси ғании фарҳангии вилояти Суғдро инъикос менамоянд. Ҳамчунин, барои иштирокдорон ва меҳмонони чорабинӣ барномаҳои рангини фарҳангӣ, иҷрои ҳунармандони маъруф, мусиқии миллӣ ва чорабиниҳои муаррификунандаи имкониятҳои сайёҳиву сармоягузории вилояти Суғд ташкил карда мешаванд.
Сурайё ҲАКИМОВА,
“Ҷумҳурият”
